Пайвандҳои дастрасӣ

"Муҳоҷир"-ро сабти ном накарданд, аммо он чоп шуд


Музаффар Зарифов, раиси дафтари матбуоти созмони мазбур гуфт, маҷалла усулан масоили марбут ба муҳоҷират, мушкили муздурони тоҷикро фароҳам овардааст ва дар вазоратҳои кишвар, созмонҳои ҳуқуқдифоъ ва ташилоти ғайридавлатии кор бо муҳоҷирон ройгон тақсим мешавад. Ҷаноби Зарифов гуфт, шумораи нахустини «Муҳоҷир » бо теъдоди 99 дона чоп шуд., зеро дар Вазорати фанҳанги кишвар маҷалларо бо сабабҳои номуайян номнавис накардаанд.

Мирзобадал Бадалов-раиси раёсати матбуоти Вазорати фарҳанг мегӯяд, «Маҷаллаҳое, ки расман номнавис нашудаанд, ҳуқуқ доранд, бо ҳамин теъдод - 99 дона нашр шаванд»

Теъдоди умумии маҷаллаҳо, ки дар кишвар нашр мешаванд, 68 номгӯй аст, ки аз ин миён 8 журнал давлатӣ ва 60 - тои дигар ғайридавлатӣ, усулан соҳавианд. Ин дар мавридест, ки ҳамакнун се маҷаллаи ҷадиди соҳавӣ «Бону», «Тиб ва табобат», «Саҳар» дар арафаи нашр қарор доранд.

Ва аммо масъулини Созмони ҷаҳонии муҳоҷират мегӯянд, дар сурати номнависӣ низ имкони нашри теъдоди бештари журнал маҳдуд аст. Зеро қимати чопи маҷалла дар Тоҷикистон баланд аст.

Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон меафзояд, воқеан ҳам имрӯз нашри маҷалла ба дард намехӯрад. Бидуни маҷаллоти соҳавӣ, ки он ҳам соле чанд шумора нашр мешаванд, дар Тоҷикистон маҷаллае нест, ки пайваста чоп шавад ва ба муассис фоида орад:

«Дар кишвар имрӯз агар маҷалла нашр кунед, қимати он ба ҳамёни хонанда рост намеояд ва онро касе харидорӣ намекунад. Аз ин рӯ нашри газетаву ҳафтанома ҷоиз аст, ки онҳоро харидорӣ мекунанд»

Дар ҳамин маврид, ба иттилоъи Созмони ҷаҳонии муҳоҷират ҳудуди 600.000 шаҳрванди Тоҷикистон дар мусофират ба сар мебарад ва онҳо ба маҷаллаи ҳуқуқие, ҳамчун маҷаллаи «Муҳоҷир» ниёз доранд.
XS
SM
MD
LG