Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ҳизби Демократ чӣ хабар?


Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизе ҳаст ё беш аз андоза дароз аст, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳад шуд. Зимнан, ҳич назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.

Ин ҳолат дар Ҳизби демократи Тоҷикистон танҳо дасисаи пеш аз интихоботӣ аст. Масъуд Собиров, ки бо намояндагони ҳизби ҳоким забон як кардааст, мехоҳад ҳизби демократро низ мисли дигар ҳизбҳои хомӯш нишон диҳад. Аммо Раҳматулло Валиев - муовини раисии Ҳизби демократи Тоҷикистон ҳамеша аз ҳукумати Тоҷикистон интиқод мекунад. Ин мунаққидии ӯ ба гӯши касе мақбул намеояд. Ин дасисаи навбатӣ танхо ба хотири шикаст додани Раҳматулло Валиев ва Раҷаби Мирзо- раиси бахши ҳизби демократ дар шаҳри Душанбе аст.
Алишер
_______________________________

Ман бо фикри Муҳсин розӣ шуда наметавонам ва гумон мекунам, ки ӯ аз аъзои ин ҷиноҳи ғайриқонунии... дарбории Масъуди Собиров мебошад. Дар ин чо Маҳмадраҳим бисёр дуруст гуфтааст. Ва имрӯз ҲДТ зарур аст, ки аз тамоми қувваю имконоти дардастдоштааш истифода бурда, бо роҳи сиёсӣ тешае бар решаи ин дасисабозон занад, вагарна такдири Ҳизби Сусиёлист ба сарашон хоҳад омад.
Хайрхоҳ
_______________________________

Раиси ҳизб бояд назарияпардоз бошад ё ҳадди ақал пул дошта бошад. Раҳматулло Валиев ва Раҷаби Мирзо на ин ҳастанду на он. Вақте онҳо ҳарф мезананд, камдонишии сиёсии онҳо маълум мешавад. Чи гуна кас метавонад аз дунболи онҳо равад?..
Рашидзода, Душанбе
_______________________________

Ба фикри ман, кори ҷиноҳи "Ватан" дуруст аст. Ҳизби Демократи Тоҷикистон мебоист баъд аз ҳабс ва ҳукми Искандаров раҳбари нав интихоб мекард ва дар муқобил корашро густариш медод. Як ҳизби сиёсӣ набояд дар ғами фақат як нафар бошад. Маълум аст, ки Искандаров наметавонад аз маҳбас истода кори ҳизбро раҳбарӣ кунад, дар ҳоле ки ба вай иҷозаи мулоқот бо хешонашро намедиҳанд. Мебоист Искандаров ҳарчи зудтар ба таърих мепайваст ва ҳизб аз паи кори имрӯза мешуд. Ин ҳолат таассуротеро ба бор овард, ки ҳизб танҳо ба наҷоти раҳбари худ машғул аст, на ба наҷоти Точикистон. Бо эҳтиром
Муҳсин
_______________________________

Салом. Ман ҳамчун узви собиқи ҲДТ дар бораи буҳрони ба амаломада чунин андеша дорам; ба фикри банда, ин буҳрон сабабҳои гуногун дорад:
1) Раёсати ҲДТ аз раиси аввала Шодмон Юсуф ва муъовинаш Абдулло Очилов, А. Афзалӣ (шояд аз бетаҷрибагии сиесӣ бошад) сар карда, то раҳбарони имрӯзааш, дар фаъолияти худ хатоҳои зиёди сиёсӣ содир карда буданд ва карда истодаанд.
2) Ба саффи ҳизб шахсони зиёди тасодуфӣ, ки аз принсипҳо (усул)-и демократӣ фарсахҳо дуранд, дохил шудаанд.
3) Шояд дахолати ҳизби ҳоким ва ё ҳукумати феълё низ дар ин ҷо ҷой дошта бошад.
4) ҲДТ база (пойгоҳ)-и ҷиддии молӣ надорад.
5) Ба обрӯи ҲДТ таъсири манфӣ расондани ҷанги шаҳрвандӣ.
Натиҷаи ҳамин сабабҳост, ки ҲДТ дар муддати 16 соли фаъолияти худ мавқеъияти муъайнеро дар ҷомеъа соҳиб нашудааст. Он буҳроне, ки имрӯз дар сафҳои ҲДТ сар задааст, ҳеч гоҳ ба фоидаи ҲДТ нахоҳад буд. Баръакс, ин буҳрон вазни сиёсии ҲДТ-ро, ки бе ин ҳам хеле заъиф аст, хароб хоҳад кард, махсусан дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ...
Маҳмадраҳим
_______________________________

Аслан ман Масъуд Собиров ном сиёсатмадорро намешиносам. Баъдан гуфтанд, ки хеши наздики Бозор Собир будааст. Ин мисли он аст, ки аз як зан мепурсанд, ки ӯ зани кист ва ӯ ҷавоб медиҳад, ки зани фалонӣ... Яъне Масъуд не, Бозорро мардум мешиносанд, ки аввалӣ аз номи дуввумӣ сӯъиистифода мекунад.
Mrm73
_______________________________

Дар асл гирем, дар Ҳизби Демократи Тоҷикистон ҳеч буҳроне вуҷуд надорад ва он маъракае, ки чанд нафар вазифахоҳ гузарониданд, ин аз назари шахсии ман кори як гурӯҳест, ки барои ноил шудан ба амбисияхо (ҷоҳталабиҳо)-и шахсии худ аз ягон чиз ба монанди тақаллубкорию фиреби омма рӯй намегардонанд. Ман шахсан аъзои асосии ин гурӯхро аз солҳои 95-96 мешиносам ва ҳар яки он чи қудратро дорост, ба ман маълум аст. Ин гурӯҳ дар Ҳизби Демократ на обрӯ доштанду на тарафдор.
Хайр
_______________________________

Чун дар ҷомеъаи навини Тоҷикистон ҳизбҳо аксаран дар меҳвари таъсири шахсиятҳо арзи вуҷуд доранд ва чун шахсияти умда аз майдон берун мешавад, ҳизб ба варшикастагӣ рӯбарӯ мешавад ва ин паёмадро аз дигар ҳизбҳо ҳам метавон интизор дошт.
Сулаймон
XS
SM
MD
LG