Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷиноҳи "Ватан" иддаъои раҳбарии ҲДТ-ро дорад


Ҷиноҳи "Ватан" дар Ҳизби Демократ мегӯяд, дар ҷаласае, ки рӯзи 27 август доир намуд, раёсати нави ин ҳизбро интихоб кардааст. Масъулини ин ҷиноҳ мегӯянд, ки ҳамоиш имрӯз Масъуд Собировро раҳбари нави ҲДТ хондааст. Дар ҳамин ҳол, Раҳматулло Валиев, муъовини раиси расмии Ҳизби Демократи Тоҷикистон мегӯяд, ки натиҷаҳои ин ҳамоишро ба расмият намешиносад ва бо ишора ба се мавриди нақзи Оинномаи ҳизб, кори онро ғайриқонунӣ медонад.


Масъуд Собиров:


"Аз ҷониби вакилон нисбат ба раҳбарии имрӯзаи ҳизб изҳори нобоварӣ баён шуд. Аз 68 овоз ман дар рақобат бо Саидраҳмат Набизода ба дарёфти пуштибонии 60 нафар муваффақ шуда, раиси ҳизби демократ интихоб гардидам. Саидҷаъфар Исмонов ҷонишини раиси ҳизб оид ба масъалаҳои иқтисоду тиҷорат интихоб шуд. Ва Табаралӣ Зиёев ҷонишини муқаррарӣ интихоб шуд"


Раҳматулло Валиев:


"Онҳо ҳизб нестанд. Барои чӣ? Барои он ки онҳо эътироф нашудаанд. Анҷумани имрӯза, ки аз номи як гурӯҳ доир шудааст, анҷумани ғайриқонунӣ аст. Ва анҷумани ғайриқонунӣ ҳеҷ гоҳ раиси қонуниро интихоб намекунад"


Бо вуҷуди ин, масъулони ҷиноҳи "Ватан" ният доранд, кори, ба қавли онҳо, ҳамоиши Ҳизби Демократи Тоҷикистонро 30-юми сентябр идома диҳанд ва боқии аъзои раҳбарии ҳизбро интихоб кунанд.

Сафаргули Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG