Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навгониҳои ҷаҳони варзиш


ТЕННИС: Теннисбозони навраси тоҷик Аҳмадҷони Муҳаммад ва Бахтиёр Саъдуллоев ба бозии ниҳоии мусобиқаи байнулмилалӣ барои дарёфти Ҷоми раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, роҳ ёфтанд. Ҳарду дар рақобатҳои инфиродии ниманиҳоӣ байни писарон бар теннисбозони ҷавони Узбакистон пирӯз шуданд. Аҳмадҷони Муҳаммад бар Михаил Есипов ва Бахтиёр Саъдуллоев бар Санҷар Файзиев, ғолиби мусобиқаи соли гузашта ғалаба карданд.

Дуввумин давраи мусобиқаи байнулмилалии теннисбозони наврас барои дарёфти Ҷоми раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи шанбеи 26 август ба поён мерасад.

ШОҲМОТ. Шатранҷбози мумтози тоҷик Фаррух Амонатов дар шаҳри Владимири Русия барандаи фестивали байналмилалии шоҳмот «Vladimir Open-2006» гардид. Вай дар 9 бозӣ 7,5 хол ба даст овард. Ёқуб Раҳимов, муовини раиси Федеросиюни шоҳмоти Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқа беҳтарин шоҳмотбозон аз Русия, Белорус, Молдова ва Тоҷикистон ширкат доштанд.

БОКС: Дар мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи бокс бахшида ба ҷашни 15-солагии Истиқлоли Тоҷикистон, ки дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд ҷарён дорад, 140 варзишгар аз ҳафт кишвар - Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Эрон ва Русия ширкат доранд. Рақобатҳои ниманиҳоӣ рӯзи шанбеи 26 август баргузор мешаванд. Ғолибони мусобиқа дар 11 вазн дар сабқати ниҳоӣ рӯзи якшанбеи 27 август муайян хоҳанд шуд.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG