Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирин рақси Афзалшоҳ


Риштаи зиндагии писарбачаи сесолаи лулитабори тоҷик субҳи рузи душанбеи 21 август дар бозори Черкизи Маскав дар пайи таркиши бомб барои ҳамеша канда шуд. Шоҳидон мегуянд, ин тифл Афзалшо ном дошт. Вай бо Сино-ҷавони фитафуруши тоҷик аз шаҳри Душанбе унс гирифта буд. Афзалшо дар ҳавои мусиқӣ рақсиданро дуст медошт. Аз ин дилбастагии тифл Синоро хушаш меомад ва гоҳе уро болои сараш мебардошт, бозӣ медоронд... Соъати 10:30 дақиқаи рузи 21 август ҳам Афзалшо барои рақсидан омад, аммо намедонист, ки барои охирин бор вориди саҳнаи рақс мешавад. Таркиш Синоро ҳам аз пой даровард. ..

Сино пас аз чанд руз чашм кушод ва худро дар миёни чордевори сокит дид, на садои мусиқӣ буд, на рақси Афзалшо ва на шуру ошуби бозор. Сино ҳоло дар утоқи дарёфти ҳуш ё реаниматсия дар бемористони рақами 36-и Маскав таҳти назари пизишкон қарор дорад. Ба гуфтаи духтурон 15 дар сади бадани Сино сухтааст. Шишапораҳо баданашро зиёд буридаанд. Сардухтури бемористон ба намояндаи сафорати Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Ҷалилов итминон додааст, ки Сино шифо меёбад:


"Шаҳрванди дигари мо алъон, ба истилоҳ, дар вазнинхона аст. Яъне Сино. Ман бо сардухтураш суҳбат кардам. Фикр мекунам, ки хеле вазъаш беҳтар шудааст ва рузҳои наздик иншолоҳ, ки аз беморхона мебарояд".

Ҳамон руз мо ҳам ба аёдати осебдидагон ва таҳияи як гузориш аз сарнавишти онҳо ба бемоористон омадем, аммо маълум шуд, вуруд ба бемористон кори содда нест. Ба вижа, ба табақаи чаҳорум, ки дар он ҷо маҷруҳони таркиши Черкиз хобонида шудаанд. Ба ҳар ҳол пас аз чаҳор соъати тадбирҷуӣ вориди утоқҳое шудем, ки дар онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон табобат мешаванд. Нахуст ба аёдати Шокир Давлатшоев расидем. Аммо маълум шуд, таркиш пардаи гушҳои ин марди лоғарандоми тақрибан панҷоҳсоларо пора кардааст ва суҳбату ҳарф задан барояш дардовар аст.

Барои Абдуло Пирови 20 сола низ суҳбат сахту душвор буд, гуштҳои даридаи баданаш уро сахт озор медиҳанд. Абдулло гуфт, ки нонпаз аст. Дар танур нон мебаст, ки чизе таркид ва танҳо дар бемористон ба ҳуш омад, дигар ҳеҷ чизро ёд надорад:

"Намедонам... Кафид... Намедонам чӣ хел шид... Созай, табобат карда истодиян... Ҷои худумда шид... Нон мебастум... Кафид... Чи хел гап занам... ҳама ҷом дард мекуна охи... "


Дигар ҷавони маҷруҳ тоҷик Шуҳрат Бухориев ҳангоме, ки бо мо суҳбат мекард, мегуфт, агар суҳбати уро аз тариқи радио пахш кунем, модараш мешунавад, гиряву фиғон мекунад. Беҳтар аст, ки модарам хабар надошта бошад.

Вазъи Шуҳрат аз ҳоли дигарон беҳтар буд ва итминон дошт, ки ба зудӣ аз бемористон хориҷ мешавад. Дар маҷмуъ 6 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон 21-август дар бемористони шумораи 36-и Маскав хобонида шуданд. Ҳамон шаби аввал Муҳиддин Шоеви 24- сола даргузашт ва субҳи рузи ҷумъа Зокирҷон Шумқорови 20- сола...

Фоҷеъаи бозори Черкиз як ҷавонзанӣ 21- сола ва як ҷавонмарди 20 солаи тоҷикро низ кушта бар ҷой гузошт. Ин ду тани ахир, ҳамроҳ бо Афзалшоҳи сесола дар ҷой ҳодиса ҷон додаанд. Ҳамзамон хабарҳое ҳам ҳаст, ки чандин нафари дигар беному нишон ҳастанд. Ин хабарҳоро масъули умури муҳоҷират дар Сафорати Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Ҷалилов рад кард:

"Ба мо касе муроҷиат накардааст, Аз ин масъала алаккай ду -се руз мегузарад. Агар касе аз рафиқош дур мешуд, ба мо муроҷиат мекард... Мо иттилоъ надорем".

Лозим ба ёдоварист, ки 8 моҳи соли равон барои муҳоҷирони тоҷик дар шаҳру вилояти Маскав фоҷиаъбор омад. Моҳи феврал дар бозори меваи вилояти Маскав 12 шаҳрванди Тоҷикистон ба шумули ду зану ду тифл дар оташ сухтанд. Охири ҳамон моҳ чор ҷавонмарди тоҷик дар як хоначаи чубӣ дар Маскав даргирифтанд. Баъдтар дар ҳодисаи фурурезии боми бозори Басман чандин шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва маҷруҳ шуданд.

Ба гуфтаи Гавҳар Ҷураева-раиси созмони муҳоҷират ва ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик мегуяд, яке аз сабабҳои маргу мири муҳоҷирон дар Русия ин аст, ки ба далели беҳуқуқӣ онҳо дар ҷойҳои ноамн ба сар мебаранд ва ҳамзамон дастхуши гуруҳҳои ҷиноӣ мешаванд. Ин матлабро муҳофизи ҳуқуқ дар суҳбат бо рузномаии ҳукуматии «Российская газета»- чопи Маскав баён кардааст.
XS
SM
MD
LG