Пайвандҳои дастрасӣ

Ба Тошканд бидуни раводид?


Режими раводид миёни ин ду кишвари Осиёи Марказӣ панҷ сол қабл ҷорӣ шуда буд. Алъон резакориҳои ин санад маълум нест, аз ҷумла, рушан нест, ки шаҳрвандон зимни сафар ба кишварҳои ҳамдигар сабти ном мешаванд ё на? Ва сабти ном дар кадом идораҳо сурат хоҳад гирифт? Санади рафтуои бидуни раводиди шаҳрвандон то 60 рӯз бояд аз сӯи парлумонҳои Узбакистону Қирғизистон ва сарони ҳар ду ҷумҳурӣ тасвиб шавад. Дар мулоқотҳои вазири хориҷаи Қирғизистон ва мақомоти Узбакистон ҳамчунин масоили марбут ба сафари раиси ҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ба Тошканд дар моҳи оянда матраҳ шуд.
Ба иттилоъи хабаргузориҳо, тасмим дар мавриди содда кардани рафтуои шаҳрвандон баъди он гирифта шуд, ки мақомоти амниятии Қирғизистон бархе аз ширкаткунандагони ошӯби Андиҷонро ба Тошканд истирдод карданд.
Ҳамзамон хабаргузориҳо иттилоъ доданд, дар ин мулоқотҳо гуфта шуд, ки Узбакистон мехоҳад қимати газ барои Қирғизистонро аз 55 доллар то 100 доллар барои ҳазор метри мукааб боло барад. Муовини раиси ширкати Кирғизгаз Саломат Айтикеева гуфтааст, ки ҳукумати Узбакистон боло бурдани қимати газро бо афзоиши нархи маводи сӯхт дар ҷаҳон марбут кардааст. Қирғизистон ҳамасола ба як миллиарду 200 миллион метри мукааб газ ниёз дорад ва ин ниёзмандиро асосан аз ҳисоби гази Узбакистон бароварда месозад. Ва аммо мушкилоти марбут ба интиқоли газ ва пардохти маблағи он ду кишварро пайваста дар ҳоли наздик ба низоъ нигаҳ медорад - соли равон Узбакистон бо далели напардохтани қарзи газ ду бор интиқоли ин маводи сӯхт ба Қирғизистонро қатъ кард.
Зимнан, дар ширкати «Тоҷикгаз» низ болоравии қимати гази Узбакистон барои кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла, Тоҷикистонро аз эҳтимол дур намедонанд. Фаёзиддин Содиров, сухангӯи ширкати Тоҷикгаз ба Родиёи Озодӣ гуфт:

Мо чӣ қадар газ мегирем аз Узбакистон, бо "Узтрансгаз" мувофиқа кардаем. Болоравии қимати газ, ба ҳар сурат, дар назар аст ва аммо то ҳол иттилоъи расмӣ нарсидааст.

Ахиран як масъули муассисаи "Узтрансгаз"-и Тошканд низ тайид кард, ки кишвараш мехоҳад қимати газро ба нархҳои ҷаҳонӣ наздик кунад.
XS
SM
MD
LG