Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори Озодӣ равонаи зиндон шуд


Ин се тан моҳи июни гузашта боздошт шуданд ва тайи се моҳи ахир дар зиндон бидуни васоили иртибот ба сар мебурданд.

Сафармурод Ҳоҷиев, яке аз афроди маҳкумшуда, аз бастагони Тоҷигул Бегмедова, раиси Бунёди туркмании ҳуқуқи башари Ҳелсинки дар Булғористон аст. Бону Бегмедова мегӯяд, ки маҳкумшудагон иҷоза доранд тайи 10 рӯзи оянда дар мавриди ҳукми додгоҳ дархости таҷдиди назар кунанд. Тоҷигул Бегмедова дар шаҳри Суфия дар бораи иттиҳомоти ин се нафар ба Озодӣ гуфт:

Бегмедова: "Ҳамаи ин се нафарро тибқи моддаи 287 и Қонуни кайфарии Туркманистон маҳкум карданд. Ин модда дар мавриди афродест, ки дар доштани силоҳ, маводди мунфаҷира ва муҳиммоти ғайримуҷоз муҷрим шинохта мешаванд. Рӯзи 12 июн вазири амнияти миллии Туркманистон ин се нафарро ба ҷосусӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои хориҷӣ ва родю Озодиву хабаргузории Галакси Пресс муттаҳам карда буд. Аз ҳамон оғоз мо алайҳи ин иттиҳомот суҳбат мекардем, ки иттиҳомоти дурӯғину козиб аст. Вале акнун мақомоти Туркманистон барои ҳифзи андозае аз обрӯи худ тасмим гирифтаанд иттиҳомоти тозаеро дар мавриди нигаҳдории муҳиммоти ҷангӣ ҷаъл кунанд."

Аз бону Бегмедова пурсидам, ки чи гуна метавон ҳатто ҷаъли ин иттиҳомро ташреҳ кард. Чи гуна мешавад як хабарнигори занро дар кишваре, ки дар он ҷанг нест, ба нигаҳдории муҳиммоти ҷангӣ муттаҳам кард?

Бегмедова: "То кунун иттиҳомоти козиби мақомоти Туркманистон алайҳи дигарандешон мубтанӣ ба доштани маводди мухаддир буд. Мардум ба ин иттиҳомот дигар эътимоде надоштанд, аз бас такрор шуда буд. Аз ин рӯ, ин бор вазорати амнияти миллӣ тасмим гирифт симои воқеъии худашро нишон диҳад ва иттиҳоми тозаеро ҷаъл карданд, ки ба ин андоза боварнакарданист. Ҳар се нафар аз афроди муҳтарами ҷомеъаи Туркманистонанд ва ҳич як силоҳи ғайримуҷоз надоштанду намехостанд доштан бошанд. Ин танҳо яке дигар аз мавориди таъқиби сиёсии фаъъолони ҳуқуқи башар ва рӯзноманигорон барои хафа кардани садои созмонҳои ғайридавлатӣ ва родюи Озодӣ ё Азатлиқ аст."

Зимнан, Уғулсафар Муродова ба мушовираи ҳуқуқӣ дастрасӣ надоштааст ва Ҷеф Тримбл, сарпарасти родю Озодӣ ин мавридро ба унвони нақзи қонунҳои Туркманистон ва байнулмилал маҳкум кардааст.

Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз мустақар дар Порис рӯзи 23 август гуфт, аз "рафтори мақомоти туркман, ки қоъидаҳои бунёдини адолат ва ҳуқуқи башарро масхара мекунанду муҷозот намешаванд, ваҳшатзада шудааст."
XS
SM
MD
LG