Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори қурбониёни тоҷики инфиҷори Черкиз ба 5 нафар расид


Ҳодисаи инфиҷор дар бозори Черкизи Маскав боз як қурбонии дигар гирифт, ки ӯ ҳам аз қазо шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Акнун шумори қурбониёни тоҷики ин ҳодиса аз ҷумлаи атбоъи Тоҷикистон ба панҷ нафар расид.


Рӯзи душанбе, 21 август, дар бозори Черкизи Маскав бумбе мунфаҷир шуд, ки бар асари он то кунун 11 нафар ҷон додаанд.


Муҳаммадалӣ Ҷалилов, масъули умури муҳоҷират дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар гуфтугӯ бо Муҳаммадраҳими Сайдар, гузоришгари Озодӣ дар Русия гуфт, ки субҳи рӯзи одина (25 август) Зокирҷон Шумқоров, шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон, ки дар ҳодисаи инфиҷори бозори Черкиз шадидан захмӣ шуда буда, дар бемористони Маскав даргузашт.


Ба гуфтаи оқои Ҷалилов, Зокирҷон зодаи рустои Меҳнатободи ноҳияи Рӯдакии Тоҷикистон будааст. Вай бо истинод ба пизишкон гуфт, ки бар асари инфиҷор поҳои Зокирҷон шикаста ва ҳудуди 60 дарсади баданаш сӯхта буд. Ба гуфтаи оқои Ҷалилов, вай шомгоҳи панҷшанбе амал шуд, аммо дар субҳи рӯзи баъдӣ ҷон дод.


Додситонии шаҳри Маскав эълом кардааст, ки дар иртибот бо ҳодисаи инфиҷори Черкиз се ҷавони маскавӣ боздошт шудаанд ва мазнун ба иртикоби ҷиноят бар пояи адовати қавмӣ шинохта мешаванд.
XS
SM
MD
LG