Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду "Зарафшон" - ду сарнавишт


Гулноза Саидазимова

АЗМИ "ЗАРАФШОН"

Корхонаи муштараки "Зарафшон" мехоҳад имсол 1 тоннаву 800 кило тило ва 780 кило нуқра тавлид кунад. Дар солҳои пешин тавлидоти солонаи ин корхона чизе дар ҳудуди 900 кило тило буд, вале боло рафтани нархи ин фулузи қиматбаҳо дар бозори ҷаҳонӣ корхонаи "Зарафшон"-ро ба афзоиши бакарати тавлидот таҳрик додааст. Корхонаи "Зарафшон" соли 1994 дар заминаи конҳои тилои Таррору Ҷилав ва Чорӣ бар пояи сармоягузории як ширкати бритониёӣ таъсис ёфтааст. 75 дарсади саҳмияҳои ин корхонаро ширкати "Нелсон Голд" ба худ ихтисос додааст.Дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар маҷмӯъ 28 кони фаъоли тило мавҷуд буда, бузургтарин корхонаҳои заршӯияш "Зарафшон", "Дарвоз" ва "Апрелевка" маҳсуб мешавад. Тоҷикистон солона беш аз 2 тонна тило тавлид мекунад.

САРГУЗАШТҲОИ "ЗАРАФШОН НЮМОНТ" ДАР УЗБАКИСТОН

Аммо дар Узбакистон мақомот расман ба эълони варшикастагии корхонаи муштараки тилошӯии "Зарафшон Нюмонт" оғоз гузоштаанд. Додгоҳи вилояти Навоӣ ба муҳокимаи ин парванда шурӯъ карда ва кумитаи сиёсати зиддимонополии Узбакистон гуфта, ки корхонаи "Зарафшон Нюмонт" бояд акнун таҳти маъмурияти муваққате, ки додгоҳ таъйин хоҳад кард, қарор бигирад. Ҳанӯз дар моҳи марти соли ҷорӣ мақомоти Узбакистон корхонаи "Зарафшон Нюмонт"-ро дар сарпечӣ аз пардохти молиёт ба маблағи 48 миллион доллар муттаҳам карданд ва дар авоили моҳи август бар асоси қарори ду моҳ пеши додгоҳ суратҳисобҳои корхона баста шуд.
Аммо Шаҳобуддин Шомадов, як мақоми идораи молиёти вилояти Навоӣ мегӯяд, "Зарафшон Нюмонт" молиёташро саривақт мепардохт: "Дар робита ба фаъолияти ин корхона ман маълумоте барои шумо дода наметавонам. Тамоми кор тибқи қонун пеш мерафт. Кори ширкат доимо таҳти тафтиш қарор дошт. Чунин тафтишот феълан ҳам ба сурати доим идома дорад. Аммо ман маълумоти расмие дар ин бора ба шумо дода наметавонам."

Ин корхонаи муштарак соли 1995 бо саҳми 50 ба 50-и давлати Узбакистон ва ширкати амрикоии "Нюмонт Майнинг Корпорейшн" таъсис ёфта, ба истихроҷи тило аз кони дар қаламрави шӯравии собиқ бузургтарини Мурунтой, дар биёбони Қизилқум, дар 400-километрии ғарби Тошканд машғул буд. Таъсиси "Зарафшон Нюмонт"-ро дар вақташ ҳатто раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов истиқбол карда, ироаи замонатҳои давлатӣ ва эҷоди як шароити пуримтиёз барои таъмини фаъолияташро ҳам ваъда супурда буд. Аммо дар ин муддат хеле обҳо ба осиёбҳо рехтанд ва хаттимашшҳо дигар шуданд.

Рӯзи 11 август ширкати "Нюмонт" эълом кард, ки давлати Узбакистон алайҳи "Зарафшон Нюмонт" ва кормандонаш парвандаи ҷиноӣ низ боз кардааст. Ин хабар билофосила мунҷар ба 2 дарсад пойин рафтани қимати саҳмияҳои "Нюмонт", ин яке аз бузургтарин корхонаҳои заршӯии ҷаҳон дар бозори бурси Ню-Йорк шуд.
Мақомоти Узбакистон содироти тилоро аз кишвар манъ кардаанд ва ширкати "Нюмонт" гуфта, ки акнун тавони назорати ҳамарӯза бар фаъолиятҳои корхонаи муштаракаш дар кони Мурунтойро надорад. "Нюмонт" дар баёнияи ахираш ин ҳама таъқибу фишорро ношӣ аз талошҳои Узбакистон ба хотири ғасби корхонаи муштараки "Зарафшон Нюмонт" ба қалам додааст.

Бо ин ҳол, ҳамкорони узбакистонии ин ширкати амрикоӣ мегӯянд, корхонаи "Нюмонт Зарафшон" истихроҷи тилоро қатъ накардааст. Виктор Клепинин, яке аз корфармоёни корхонаи муштараки "Зарафшон Нюмонт" мегӯяд: "Мо нақшаеро, ки дорем, иҷро мекунем. Дар ҳоли ҳозир, додгоҳ дар бораи пардохти нодурусти молиёт ҳукм баровардааст ва мақомот ба баррасии ин масъала машғуланд. Вазъ феълан аз ҳамин қарор аст вадигар ҳама чиз ба сурати оддӣ ҷараён дорад."

РЕШАИ МУШКИЛ ЧИСТ?

Равобити Тошканд бо Ғарб ва ҳамин тавр бархӯрдаш бо ширкатҳои бавижа ғарбӣ асосан дар пайи ошӯбҳои моҳи майи соли гузашта дар Андиҷон рӯ ба вахомат овард. Ва танҳо "Зарафшон Нюмонт" нест, ки ба чунин ҳол гирифтор мешавад. Ахиран Тошканд хатти муҷавизи ширкати бритониёии "Оксус Голд"-ро, ки ба истихроҷи маъодин аз кони тилову нуқраву мису сурбу руҳи Кондиза дар минтақаи Олмалики ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё машғул буд, фаро хонд. 2 сол пеш ширкати куриёии "Дэу" 50 дар сад саҳмияи доштааш дар корхонаи муштараки мошинсозии "Уздеу"-ро низ ба "Узавтопром" , як корхонаи марбут ба давлати Узбакистон таслим кард ва дар моҳи майи соли гузашта Тошканд ҳамин тавр назорати комил бар фаъолияти корхонаи маҳаллии ширкати нассоҷии куриёии "Кабул Текстайлз"-ро ба дасти худ даровард. Дон Канг, раҳбари вақти ин корхонаи муштараки нассоҷӣ мегӯяд, қазияи "Нюмонт" ҳокист, ки хатари сармоягузорӣ дар Узбакистон боз ҳам бештар шудааст: "Авзоъ торафт бадтару бадтар мешавад. Агар мақомоти Узбакистон даст ба як чунин иқдоми дигар зананд, ба назари ман, соъири кишварҳо дигар ҳама аз сармоягузорӣ ба соҳоти иқтисоди он парҳез хоҳанд кард. Агар онҳо ҷиҳати ғасби ғайриқонунӣ ва ғайримунсифонаи ширкати амрикоӣ иқдом кунанд, ин амали давлати Узбакистон нигаронии ҷомиаи ҷаҳониро ҳатман бар хоҳад ангехт."

Наҳви бархӯрди мақомоти Тошканд нисбат ба ширкатҳои амрикоӣ дар ҷараёни дидори ахири Ричард Боучер, муовини вазири хориҷаи Амрико аз Тошканд низ матраҳ шудааст. Оқои Боучер аз мақомоти Узбакистонро ба бархӯрди мунсифона дар қиболи ширкатҳои амрикоӣ даъват кард: "Мо бо ширкатҳои амрикоие, ки дар ин ҷо кор мекунанд, иртиботи наздик дорем. Ин ширкатҳо шароити пешбурди тиҷорат дар ин кишварро ҳарчӣ мушкилтар меҳисобанд ва иқдомоте, ки дар чанд мавриди вижа ба кор бурданд, ба назари ман, соъири сармоягузоронро маҷбур мекунад, ки рӯи ин кишвар бештар биандешанд. Аз ин лиҳоз, бояд бигӯям, муҳим аст, ки рӯи ҳар амал ҳамаҷониба ва мунсифона фикр кунанд."

Вазорати хориҷаи Амрико мегӯяд, сармояи амрикоӣ дар қаламрави шӯравии собиқ камтар аз ҳама ба Узбакистон роҳ ёфтааст. Ҷамъи сармояи Амрико ба иқтисоди Узбакистон аз соли 1991 ба ин сӯ тақрибан ним миллиард долларро ташкил дода ва аммо дар 5 соли охир дар ҳудуди сифр будааст. Ширкати "Нюмонт" гуфтааст, агар 94 миллион доллари гузоштааш ба истихроҷи тило аз конҳои Узбакистонро баргардонад, худ аз он кишвар берун хоҳад рафт.
XS
SM
MD
LG