Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Замин як бародарашро аз даст дод


Салими Айюбзод

Анҷумани ситоршиносони ҷаҳон дар шаҳри Праг, пойтахти Ҷумҳурии Чех, имрӯз эълон кард, Плуто, ки то ин вақт нуҳӯмин сайёра дар низоми офтоб шумурда мешуд, дигар набояд сайёра номида шавад. Баҳси Плуто солҳост, аз замони кашф шуданаш дар соли 1930, то имрӯз идома мекард ва ҳар бор тасмими ниҳоӣ ба баъд вогузор мешуд.

Ин баҳсҳо баъди кашфи саёраи наве бо номи Ксена, ки ҳаҷман аз Плуто бузургтар будааст, авҷ гирифт. Баҳс замоне ҳал шуд, ки имрӯз ситорашиносони шинохташудаи ҷаҳон таърифи сайёраро мушаххас карданд. Акнун Плуторо ба феҳрасти "саёраҳои кӯчак" ворид кардаанд. Қарори Анҷумани ҷаҳонии ситорашиносон нақшаҳои осмонӣ ва китобҳои дарсии астрономиро тағйир хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG