Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Коршиносони OSCE ва омодагӣ ба интихобот дар Тоҷикистон


Як ҳайъат аз Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА - OSCE) рӯзи 24-уми август ба Тоҷикистон сафар кард, то вазъи омодагӣ ба интихоботи президентӣ ва эҳтиёҷҳои Тоҷикистонро дар ин росто баррасӣ кунад. Бернар Руо, мушовири сиёсии фиристодаи САҲА дар Тоҷикистон дар бораи аҳдоф ва барномаи ин ҳайъат ба РО чунин гуфт: "Онгуна ки мо дар изҳороти худ гуфтем, ҳайъат бо намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Кумисюни марказии интихобот, сарони аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони созмонҳои байнулмилал мулоқот хоҳад кард. Мо мехоҳем бидонем, ки ба чӣ тарзе метавонем, ба мақомоти Тоҷикистон ва ҳукумати ин кишвар дар таҳияи интихоботи моҳи ноябр кӯмак кунем." Аммо раиси ҳайъат ва ноиби раиси бахши интихоботҳо дар Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА Николай Вулчинов дар гуфтугӯ бо радиои Озодӣ аз шарҳи нақша ва омодагиҳои ҳайъат ба сафари Тоҷикистон ва ҳамчунин назари пешакӣ ба авзоъ худдорӣ кард. Тибқи барнома ин ҳайъат ҳамчунин ба шаҳрҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа низ сафар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG