Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳматулло Зойиров: "Агар сиҳатиам иҷоза диҳад, номзадиамро пешбарӣ мекунам"


Маъсумаи Турфа Дар ҳоле ки то баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон каме бештар аз ду моҳ боқӣ мондааст, ба назар намерасад, ки ҳич як аз аҳзоби сиёсии мухолифи давлатбо шитоб дар ҳоли омодагӣ ба корзори интихоботӣ бошад. Маъсумаи Турфа, раиси бахши тоҷикии Радио Озодӣ, ки ин рӯзҳо дар Душанбе ба сар мебарад, талош кард, дар гуфтугӯҳои ошкор бо раҳбарони аҳзоби Тоҷикистон мавзеъгирӣ ва барномаҳои онҳо дар остонаи интихоботро ошкор кунад. Гуфтугӯ бо Раҳматулло Зойиров раиси Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон.

Маъсумаи Турфа: Ҷаноби оқои Зойиров хеле ташаккур мекунем, аз ин ки пазируфтед бо мо сӯҳбат кунед. Хеле хушҳол ҳастем, ки саломатиатон комил баргашта ва метавонед фаъолияти сиёсии худро ба таври комил идома бидиҳед. Ман мехостам, аввал сӯҳбатро дар мавриди раёсати ҷумҳурӣ шурӯъ бикунам ва таммаркузи шуморо ба ин бибарам, ки оё шумо худатон номзад ба раёсати ҷумҳурӣ хоҳед шуд.


Раҳматулло Зойиров: "Ҳар як инсоне, ки ҳизбро раҳбарӣ мекунад, бояд ин гуна мақсад дошта бошад. Аммо кӣ пешниҳод мешавад ва кӣ номзад ба раёсати ҷумҳур, инро анҷумани ҳизб ҳал мекунад."


Маъсумаи Турфа: Агар анҷуман шуморо пешниҳод кунад, хоҳед пазируфт?

Раҳматулло Зойиров: "Ман фикр мекунам, ки барои ин ҳоло як моҳи дигар ҳаст ва агар дар як моҳ саломатии ман иҷозат диҳад, ман ба ин розӣ мешавам."

Маъсумаи Турфа: Ва агар саломатии шумо иҷоза надиҳад, чӣ хоҳад шуд?

Раҳматулло Зойиров: "Мо номзади сазоворро ёфта, пешниҳод мекунем."


Маъсумаи Турфа: Ва чӣ касоне метавонанд бошанд, он афрод?


Раҳматулло Зойиров: "Мо пештар ҳам доир ба ин гуфта будем, ки новобаста аз он ки ӯ узви Ҳизби Сотсиал-Демократ ҳаст ё не, одами ғайриҳизбӣ ҳам боша, одами сазовор бошад ва ба мардуми Тоҷикистону давлати Тоҷикистон хидмат карда тавонад."


Маъсумаи Турфа: Каси мушаххасе дар назар нест?


Раҳматулло Зойиров: "Мо якчанд кас дорем, декин ҳозир ман номҳои онҳоро гуфтанӣ нестам, аммо гуфтугӯ бо онҳо идома дорад."



Маъсумаи Турфа: Дар шароити феълӣ муҳимтарин масъалае, ки барои шумо матраҳ аст, агар кондиди раёсати ҷумҳурӣ бошед, бо чӣ фикри тоза ва ё бо чӣ фалсафаи тозае худро ба ҷомеаи Тоҷикистон ироа хоҳед кард?


Раҳматулло Зойиров: "Инҷо се масъала ҳаст, се масъалаи муҳимтарин аст, ки барои Тоҷикистон тақдирсоз мебошад. Агар дар Тоҷикистон коррупсияро маҳдуд карда натавонем, ҳеҷ гоҳ дар Тоҷикистон пешрафт ҳосил намешавад. Коррупсияро чӣ хел маҳдуд кардан мумкин? Инҷо ҳам системаи интихобот, ҳам хидматрасонӣ, ҳам таъйиноте, ки аз тарафи раисиҷумҳур сурат мегирад, маҳдуд кардан. Ин дуру дароз аст. Дуюм масъала ин аст, ки барои соҳибкорон як муҳити дар ҳақиқат озодро фароҳам кардан даркор ва онҳо амал карда тавонанд. Саввум ин системаи тандурустӣ ва маорифро бардоштан даркор, аммо ба он роҳе, ки ҳозир карда истодаанд не. Системаи маориф ва дигар чизҳо мисол гирем дар асоси рақобату аз рӯи шумора не аз рӯи сифат бардоштан даркор. Ва дар ин ҳолат, ин саршавии кор мешавад, ки мо ҷомеаи Тоҷикистонро пеш бурда метавонем."



Маъсумаи Турфа: Шумо як масоилро, ки батакрор матраҳ ва дар борааш сӯҳбат кардед, ин аст, ки раёсати ҷумҳурии оқои Раҳмонов ғайриқонунӣ аст. Оё ҳанӯз ҳам пойбанди ин ҳарф ҳастед?


Раҳматулло Зойиров: "Ман то ҳозирам (ба ин гуфтаи худ пойбанд ҳастам) ва эътиқоди ман ба ин масъала пурзӯртар шуд. Ман бо бисёр ҳуқуқдонҳои Русия ҳамсӯҳбат будам, ҳуқуқдонҳои номдор. Онҳо бо Қонуни Асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуда, якдилона гуфтанд, ки дар ҳақиқат Эмомалӣ Раҳмонов аз рӯи конститутсия ва аз рӯи он тағйироте, ки соли 2003-ум ба конститутсия ворид шудааст, ҳуқуқи номзадии худро пешниҳод кардан надорад."


Маъсумаи Турфа: Бисёре аз мухолифони шумо гуфтаанд, ки ин ҳарф ғалат аст. Агар ин тавр ҳаст вале шумо ҳамчунон бовар доред, ки раёсати ҷумҳурии оқои Раҳмонов ғайриқонунӣ ҳаст, роҳи қонунии иҷрои назари шумо чӣ ҳаст. Чӣ кор мекунед, доир ба ин масъала. Хуб раёсати ҷумҳурӣ ғайриқонунӣ аст, акнун чӣ кор мекунед?


Раҳматулло Зойиров: "Акнун ки ҳоло анҷумани Ҳизби Халқии Демократӣ Раҳмоновро пешниҳод накардааст, дар бораи ин сухан гуфтан мушкил аст, барои он ки ғайриқонунӣ буданд ё набудан, эътироф кардани интихобот, ё ки эътироф накардан, вобаста аз амали Ҳизби Халқии Демократӣ мешавад ва он киро пешниҳод мекунад. Лекин он чӣ ки агар Эмомалӣ Раҳмонов ҳамчун номзад пешниҳод шавад, бояд ки аз рӯи қонун ман ҳамчун ҳуқуқшинос ин интихоботро эътироф накунам."


Маъсумаи Турфа: Бубинед, шумо ин сӯҳбатро солҳои зиёд аст, ки мекунед, аммо ба ҷое нарасидед. Роҳи баъдӣ барои шумо чӣ аст? Чӣ тавр мехоҳед, ин сӯҳбатро пеш бибаред, чун то ҳоло ба ҷое нарасидед?


Раҳматулло Зойиров: "Камтар пешравӣ буд, ҳеҷ набошад, мухолифон, олимоне, ки дар ин бора навиштанд, фарқ надорад, ки он ғайриқаноатбахш бошад, аммо ин аллакай як пешрафт буд. Ман ҳаракат мекунам, ки ба ин масъалаҳо ҷавоб гӯям, ин як. Ва дуввум он чизе, ки онҳо ҷавоб гуфтанд, ин дар масъалаи ин ё он термин буд, кай оғоз мешавад, қувваи ҳуқуқӣ мегирад, лекин он чизе, ки фарқ надорад, оғоз мешавад ва ё қувваи қонунӣ мегирад, лекин мазмуни он ки ду бор пай дар пай интихоб шудани президент ба мӯҳлати ҳафтсола, баъди анҷом ёфтани давраи президенти ҳозира оғоз меёбад, ин мазмуни онро дорад, ки ҳоло ин норма оғоз наёфтааст, ё ки қувваи қонунӣ нагирифтааст. Ва боз такрор мекунам, ки номзад Эмомалӣ Раҳмонов ҳуқуқи пешниҳод кардан надорад, агар чӣ гуна пешрафт бошад, ман ҳаракат мекунам, ки ҳамин рӯзҳои наздик боз якчанд мақолаҳоро бо олимон пешниҳод кунам, то ки онҳо мақолаҳоя таҳлил карда, хулосаҳои худро гуфта тавонанд. "


Маъсумаи Турфа: Оё ин масъаларо хориҷ аз Тоҷикистон ҳам хоҳед бурд. Созмонҳои байналмилалӣ чӣ назаре доранд, дар ин маврид?


Раҳматулло Зойиров: "Мо мақолаҳоро бо забони инглисӣ тарҷума карда ва онро ба мақомоти Созмони Милали Муттаҳид ва якчанд сафоратҳо фиристодем. Ва умедворем, ки яке аз онҳо, ҳеҷ набошад, аз Созмони Миллали Муттаҳид ва махсус одамони сафоратҳое, ки ҳамин гуна тавоноӣ доранд, ҷавоб мегардонанд."


Маъсумаи Турфа: Як мавзӯи дигаре, ки шумо сараш бисёр пофишорӣ кардед ва гуфта мешуд, ки боиси бисёр фишор бар шумо шуд, ин масъалаи як ҳазор маҳбуси сиёсӣ дар Тоҷикистон буд. Оё ҳанӯз бар сари он гуфта ҳам пофишорӣ доред, ё ки таҳқиқоти шумо тавре дигар нишон медиҳад?


Раҳматулло Зойиров: "Чӣ хеле ки додситонии кулл пешниҳод мекунад, он маҳбусонро сиёсӣ мегӯянд, ки барои ҷиноятҳои сиёсӣ зиндонӣ шудаанд. Аммо ман мегӯям, ки ҳар инсоне, ки мисол барои озодии сухан, барои озодии амал ё чизи дигар мубориза мебурд, ӯро бо кадом роҳ ки набошад, бо кадом ҷиноят накашиданд, бар асоси таркиби ҷиноятҳои гуногун, вай бояд маҳбуси сиёсӣ эътироф карда шавад."


Маъсумаи Турфа: Яъне манзури шумо ин аст, ки тамоми касоне, ки ҳарфе барои гуфтан доранд ва аз он озодии лозим бархурдор нестанд, ки ин ҳарфро бизананд, ё мавриди таҳдид ҳастанд, онҳо ҳам ба ин шумора ҳисоб мешаванд.


Раҳматулло Зойиров: "Албатта. Ва он одамоне, ки мумкин ҷиноят содир карданд ва ҷинояти онҳо то ҳамин рӯз рупӯш буд ва ӯро бо ягон ангезаи сиёсӣ ба ҷавобгарӣ кашиданд. Вақте ки ӯро ба ҳамин шакл ба ҷавобгарӣ кашиданд, аз рӯи таркиби ҷиноят ӯро ҳам маҳбуси сиёсӣ метавон гуфтан."


Маъсумаи Турфа: Гуфтед, ки мубориза бо фасод барои шумо муҳим аст. Дақиқан чӣ гуна бо фасод мубориза кунед ва буҷаашро аз куҷо меёбед?


Раҳматулло Зойиров: "Барои бо фасод мубориза бурдан, буҷа лозим нест. Фасод дар Тоҷикистон ду шакли асосӣ дорад, шакли фасоди ҳуқуқӣ ва шакли маъмурӣ. Ин ду чизро фақат бар асоси озмун гузаронидан ва одамҳои лоиқу сазоворро ҷо ба ҷо кардан ва аз рӯи системаи интихоби кадрҳоро таъмин кардан бо фасод мубориза бурда мешавад. Лекин асосаш ин аст, ки барои фасод нашуданаш, тақаллубкориро дар ҷомеа нест кардан даркор. Тақаллубкорӣ дар ҳама ҷо мушоҳида мешавад, дар интихобот, дар омори иқтисодӣ, тақаллубкорӣ дар ҳокимияти давлатӣ, дар системаи судӣ, дар ҳама ҷо таққалубкорӣ вуҷуд дорад. Ин чизро барҳам додан даркор."


Маъсумаи Турфа: Агар ҳарфи шуморо дуруст фарз кунем, ки дар ҳама бахшҳои Тоҷикистон ҳаст, пас шумо маҷбур ҳастед, ки навад дар сади одамҳоро бекор бикунед. Оё ин як артише аз мухолифони шуморо дуруст нахоҳад кард?


Раҳматулло Зойиров: "Ба фикри ман ин хел нест. Аз рӯи он ки дар ҷомеаи мо фасодро дар дасти худ нигаҳ медоранд, ё ки ҳамин стержени асоси дар дасти онҳо аст, ин на зиёдтар аз ду фоизи аҳолии мо аст. Агар ҳар як системаро аз рӯи кадрҳои пурқувват бигирем, ин 0,5 фоизи кадрҳоро дар бар мегирад. Лекин он чизро гуфтан даркор, ки дар ҳақиқат он кадрҳои сазовору он одамое, ки дар ҳақиқат соҳаи худро пеш бурда метавонанд, ҳозир дар кор нестанд. Яъне мутахассисонро аз рӯи лақаташон пешниҳод кардан даркор."


Маъсумаи Турфа: Яке аз мушкилоти мардуми Тоҷикистон ин аст, ки беш аз 80 дар сади мардум зери хати фақр зиндагӣ мекунанд. Бо ин чӣ гуна мубориза мекунед, оё ин барои шумо муҳим аст, ё ки масоили дигар барои шумо муҳиманд?

Раҳматулло Зойиров: "Албатта доро будан, ё набудани мардум ин масъалаи асосӣ аст. Аммо Тоҷикистон барои чӣ фақиру нодор аст? Барои он ки аввал ончӣ ки Тоҷикистон чӣ аз ҷиҳати маънавӣ ва ё молӣ дорад, идораи хуб намешавад. Агар идораи хуб дар давлатдорӣ бошад ва барои соҳибкорон як муҳити дар ҳақиқат озод бошад, Тоҷикистон бо мардуми худ, яъне капитали инсониаш, капитали иҷтимоиаш дар якчанд сол, аз се то панҷ сол то дараҷае, ки соли 1990 буд рафта мерасад. "


Маъсумаи Турфа: Шумо агар раиси ҷумҳур бошед, равобити Тоҷикистону Ӯзбакистонро чӣ тавр беҳтар хоҳед кард?

Раҳматулло Зойиров: "Сараввал ба он ақида омадан даркор аст, ки ин ду ҳукумат не, балки ду халқ, халқи тоҷик ва ӯзбакро ҷудо кардан ғайримумкин аст. Мо асрҳо як реша дорем, аммо ҳоло ин дасисабозӣ ва аз тарафи ҳукуматҳои ҳам Тоҷикистон ва ҳам Ӯзбакистон, ин сиёсатмадорон барои манфиатҳои худ ин чизро истифода карда истодаанд. Агар мо аз ҷиҳати идеологӣ, аз ҷиҳати маънавиёт, аз ҷиҳати санъату, иқтисодиёт, дипломатия халқӣ ин чизҳоро барқарарор карда тавонем. Ва агар дар худи миёни мардуми Тоҷикистон, новобаста аз миллат дӯстӣ ба вуҷуд биёяд ва мо аз дохил бақувват шуда тавонем, ҳамин вақт муносиботи мо хуб мешавад. "

Маъсумаи Турфа: Шеваи Ислом Каримов комилан рӯшан аст. Шумо чӣ кор мекунед, то ӯро ба тарафи худ ҷалб кунед, агар раиси ҷумҳур бошед?

Раҳматулло Зойиров: "Ман он чизро гуфтанӣ ҳастам, ки яке аз ҳамин дасисабозӣ нисбати шахси ман ҳамин буд, ки маро резиденти Ислом Каримов муаррифӣ карданд ва ман гуфтанӣ ҳастам, ки агар ман раиси ҷумҳур шавам, ин мазмуни онро дорад, ки ман шахсан бо Ислом Каримов муносибатҳоро ба расмият медарорам, ё ки дигар чизҳоро. Ман хусусан бо намояндаҳои ҳам Ӯзбакистон ва ҳам Тоҷикистон сӯҳбатҳои зиёд кардаам ва то ҳозира ин муносибатҳо на бо хидматчиёни миёна ва ё поён вайрон нашудааст. Ин вобаста аст ба раҳбари ду давлат. "

Маъсумаи Турфа: Яке аз интиқодҳоро худатон гуфтед, ки мегӯянд, шумо бо Ӯзбакистон бисёр наздик ҳастед ва дигараш ин аст, ки мехоҳед, бо Амрико ҳам бисёр наздик бошед. Инро чӣ тавр ба мухолифони худ ҷавоб мегӯед?


Раҳматулло Зойиров: "Ман як чизро гуфтанӣ ҳастам, ки бо ягон давлат ман муносибати наздик надорам. Агар Ӯзбакистонро гирем, ман бо ин кишвар чандин сол боз ягон хел муносибат надорам. Ҳатто охирин дафъа ман хешу табори худамро шаш сол пеш дидаам, то ҳозира дигаронашро надидаам. Агар Амрикоро гирем, дар ҳақиқат ман дар Амрико солҳои 1994 соли 1998 будам, лекин ҳашт сол шудаст, ки ман ба Амрико сафар накардаам ва муносибати аз дигар ҷиҳат хуб надоштам. Бо дигар давлатҳо, хусусан агар Олмон, Австрия ва системаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ман зиёдтар кор кардаам назар ба он Ӯзбакистон ва ё Амрико. Хайрият ҳоло намегӯянд, ки ман бо Украина ҳамин хел муносибати хуб дорам, агарчӣ ман онҷо академия тамом кардам ва якчанд сол зиндагӣ кардам ва бо забони украинӣ кори дипломӣ навиштаам."

Маъсумаи Турфа: Ва охирин суол. Шумо ба унвони яке аз раҳбарони муҳими аҳзоби сиёсӣ дар Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиал-Демократ шумо чӣ метавонед ба миллати Тоҷикистон ироа кунед, ки дигар номзадо накардаанд, масалан Ҳизби Демократ, Ҳизби Халқии Демократӣ ва ё аҳзоби дигар? Чи чизе вижагии шумост, ки метавонед ба ин миллат бидиҳед?

Раҳматулло Зойиров: "Ҳизби Сотсиал-Демократ дар пешниҳоди худ сараввал ҳамин капитали инсонӣ, иҷтимоиро пеш мебарад ва барои мо ҳамин капитали инсонӣ, ё ки имконияту лаёқати пешрафти инсони алоҳида як роҳи пешрафт шуда метавонанд. Агар мо инсони оддиро ҳам аз ҷиҳати иҷтимоӣ, иқтисодӣ озод карда натавонем, мо ҳеҷ гоҳ инсони озодро, шаҳрвандро, он ватандӯстро пайдо карда наметавонем. Вақте ки мо барои ҷомеаи боқувват, давлати боқувват мубориза мекунем ва мегӯем, ки агар давлат боқувват бошад, инсон боқувват шуда метавонад, ин ба фикри ман ғалат аст. Мо аввал бояд инсонро боқувват созем, ӯро озод кунем, вай аз ҷиҳати сиёсӣ ақидаи худро гуфта тавонад, аз ҷиҳати иқтисодӣ кори худро пеш бурда тавонад, аз назари иҷтимоӣ ба касе вобаста набошад ва худро таъмин карда тавонад, ин инсон асоси ҷомеаи боқувват ва давлати боқувват шуда метавонад. Ҳаракати асосии Ҳизби Сотсиал-Демократ барои ҳамин аст."

Бисёр ташаккур ба шумо.
XS
SM
MD
LG