Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Достони талхи як ҷавони нашъманд


Беҳрӯз Салимов, сокини 25-солаи шаҳри Душанбе пас аз табобати хеле мушкил акнун дубора ба зиндагии бе «хумори нашъа» ворид шуд ва аз сӯҳбати дӯстони, ба қавли худ «дудӣ» парҳез дорад. Зеро мегӯяд, дар чанд соли ахир аслан зиндагии берабту беранг дошт ва лаззати ҷавониро эҳсос намекард. Беҳрӯз иллати ин маҳрумиятҳоро дар хумори нашъа мебинад, ки пас аз як нишаст бо ин дӯстон ва истифодаи маводи мухаддир ба ӯ ёр гашта буд:


"Хай ҳамроҳи ёру ҷӯраҳояш нишаста ва ҳамин корро даст гирифтам. Сарам дард мекард, бо "ломка" меқапид, бо сӯзандору мезадам. Бемористон ки афтодам, ҳоло хуб нигоҳубин мекунанд. Пештар падару модарам аз дасту пойҳоям медоштанд, ҳоло аз хеле беҳтар шудаам."



Ӯ меафзояд, пайваста аз волидайн, хешу табор ва дӯстон талаби пул талаб мекард, вале онҳо аз одати Беҳрӯз бехабар будаанд: "Ва ин то он лаҳза идома кард, ки вазъи саломатиам хеле бад ва нашъаманд буданам ошкор шуд. Волидайнам ин бор дар маркази беҳдошти нашъамандон маро бистарӣ карданд."


Беҳрӯз бо ба хотир овардани ин лаҳза пӯшаймонии худ аз ин амалро натавонист пинҳон кунад: "Як ҳавасе буд, ки аз он дигар бисёр бадам меояд. Ҳоло "герчик" (нашъамандонро) мебинам, дилам месӯзад. Ҳама чизошона медузданд, худашон мефурӯшанд. Дуздӣ мекунанд мегарданд, фақат барои он ки героинро харида истифода кунему кайф карда бигардем."


Ин дар ҳолест, ки бар асоси иттилои расмӣ феълан дар Тоҷикистон ҳудуди ҳашт ҳазор нафар нашъаманд сабти ном шудаанд, ки бахши аъзами онҳо ҷавонанд. Аммо Муҳаммадраҳим Малахов, раиси Маркази Наркологии Тоҷикистон мегӯяд, дар чанд соли ахир мубталошавии ҷавонон ба нашъамандӣ кам шудааст:


"Мисли солҳои пеш, аз ҷумла солҳои 2000 то 2002-ум нест, тавсиаи нашъмандӣ кам шудааст. Ҳоло бемороне, ки нахустин бор ба нашъмандӣ даст мезаданд, ба мо камтар муроҷиат мекунанд."


Вале Муртазо Хидиров, раиси маркази «Умед», ки як бахши фаъолияти онҳо ба табобати равонии нашъамандон марбут аст, гуфт, ҳарчанд муроҷиати нашъмандон ба марокизи наркологӣ зиёд нест, аммо намешавад гуфт, ки ҷараёни мубталошавии мардум, ба вижа ҷавонон ба нашъамандӣ коҳиш ёфтааст. Зеро ба эътиқоди ӯ дар аксар маврид нашъамандон аз табобат дар марокизи наркологӣ худдорӣ мекунанд. Вале оқои Хидиров меафзояд, ба ҳар ҳол аз суръати шадиди гароиши ҷавонон ба маводи мухаддир дар Тоҷикистон то ҳадде ҷилавгирӣ шудааст.


Муртазо Хидиров мегӯяд, ҳарчанд табобати нашъамандон дар марокизи беҳдоштӣ комил сурат мегирад, вале эҳтимоли дубора гаравидани нашъамандон ба истифодаи маводи мухаддир вуҷуд дорад. Зеро ба гуфтаи ӯ, гарчанде пас аз табобат хумори маводи мухаддир аз вуҷуди инсон хориҷ мешавад, вале дар сурати танҳо як бори дигар истифода кардан ин хумор авҷ мегирад. Ба гуфтаи оқои Хидиров, ҳамзамон бо маъракаҳои таблиғоти алайҳи нашъамандӣ бояд марказҳои табобат ва барқарорсозии ин маризӣ бунёд карда шавад, дар сурати ғайр мо муваффақ нахоҳем буд.
XS
SM
MD
LG