Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Орзуи деринаи Тоҷикистон амалӣ мешавад


Ғафур Расулов, сухангӯи ин вазорат гуфт, иқдомоти ахири ҳукумат аз омилҳои афзоиши теъдоди сайёҳон аст, ки ҷиҳати сайру саёҳат ба Тоҷикистон меоянд:

"Аввал ин ки шароит беҳтар шудааст, дигар ҳукумат барои осон гаштани сафари онҳо муқаррароти додани раводидро содда кард, то ки онҳо тавонанд дар ҷараёни се рӯз раводидро ба даст оранд."


Оқои Расулов афзуд, бахши аъзами сайёҳони хориҷии Тоҷикистон атбоъи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, Русия, Осиё ва Амрико мебошанд. Таваҷҷӯҳи аслии сайёҳон мегӯяд ӯ, ба боздид аз амокини таърихӣ ва манотиқи баландкӯҳи кишвар мебошад. Ҳамчунин ба гуфтаи оқои Расулов, дар чанд соли ахир ҷиҳати таҷдиди минтақаҳои осоишии Варзоб ва Ромит ҳудуди 500 ҳазор доллари амрикоӣ сармоягузорӣ шудааст.


Аммо ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои раёсати осоишгоҳҳои Иттиҳодияи коргарии Тоҷикистон нархномаҳои осоишгоҳҳои кишвар дар соли ҷорӣ 30 дарсад афзудааст. Вале ин ба ҷараёни афзоиши теъдоди сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон халал ворид накардааст.


Як нафар сайёҳи фаронсавӣ, ки худро Себастян муаррифӣ кард, гуфт: "Ман чанде пеш дар Панҷакент будам, мехоҳам ба Хоруғу Мурғоб ва баъдан ба Қирғизистон равам. Табиати зебову нотакрор, боду ҳаво ва олами набототу ҳайвоноти Тоҷикистон бисёр ба ман писанд омад. Бахусус манзараҳои зебои дараи Варзоб, Ромит, осоишгоҳҳои Ӯротеппа, Зумрад бароям хотирмон буд. Ман бемуболиға метавонам бигӯям, ки Тоҷикистон мисли Швейтсария ва дигар кишварҳои зебоманзари ҷаҳон метавонад, таваҷҷӯҳи ҷаҳониёнро ҷалб кунад. Ман орзу мекунам, ки дар ояндаи начандон дур соҳаи ҷаҳонгардии Тоҷикистон рушд ва ин кишвар ба худ овозаи ҷаҳонӣ касб кунад."


Вале ин дар ҳолест, ки муассисаҳои хайрияи байналмилалӣ бо ирсоли як нома аз ҳукумати Тоҷикистон хостори содда кардани сабтиноми шаҳрвандони хориҷӣ дар мақомоти марбутаи кишвар шудаанд. Дар нома омадааст, агар Тоҷикистон сабтиноми шаҳрвандони хориҷӣ дар ин мақомотро, ки се шабонарӯз муқаррар шудааст, лағв кунад, теъдоди вуруди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар чанд баробар афзоиш хоҳад кард.


Ҳамчунин дар нома аз он ибрози нигаронӣ кардаанд, ки аксари ширкатҳои ҳавонавардии хориҷӣ дар Тоҷикистон иҷозаи фаъолиятро надоранд, ба ҷуз аз чанд парвозҳои фармоишӣ.
XS
SM
MD
LG