Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши шумораи қурбониёни тоҷик дар таркиши Маскав


Дастёри додситони шаҳри Маскав Светлана Петренко рӯзи панҷшанбе (23 август) гуфт, бозрасӣ ҳуввияти як шаҳрвандаи дигари Тоҷикистонро, ки дар таркиши бозори Черкиз ҳалок шуд, маълум кард. Вай ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳуввияти шаҳрванди Тоҷикистон, хонуми 21-сола Гулзира Мирзоёрова шоми рӯзи чоршанбе муаяйн шуд.


Светлана Петренко афзуд, дар маҷмӯъ дар он таркиш 4 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҷони худро аз даст додаанд. Қаблан бозрасӣ ҳуввияти се нафар Сироҷиддин Раҳмонови 29-сола, Муҳиддинҷон Шоев 21-сола, писарбачаи сесола Афзалшо Тошевро муайян карда буд.


Дар робита ба ҷараёни тафтиши қазияи таркиши рӯзи 21 август, намояндаи додситонӣ гуфт, гумонбари саввум ба ин таркиш боздошт шуд: «Валерий Жуковсов 18 сол дорад ва зодаи шаҳри Маскав мебошад. Дар қиболи вай айбнома эълом шудааст.»


Пештар ду нафари дигарро бо иттиҳоми даст доштан дар таркиш дар бозори Черкиз боздошт карданд. Додситонии Маскав дар робита ба таркиш дар ин бозор бо қазияи куштори одамони зиёд дар заминаи адовати миллӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Додситонӣ мегӯяд, дар пайи инфиҷор дар бозори Черкизи Маскав беш аз даҳ нафар ҳалок ва беш аз панҷоҳ нафар захмӣ шудаанд, ки атбоъи 8 кишвари ҷаҳон ҳастанд.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG