Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парҳез аз корбурди забони тоҷикӣ?


Бар асоси ин қонун расонаҳои электронии ахбор хусусан родию ва телевизиюнҳо бояд бештар аз 60 дарсади барномаҳои худро бо забони давлатӣ таҳияву нашр кунанд. Ин дар ҳолест, ки дар аксари расонаҳои ғайридавлатӣ вақти барномаҳо бо забони тоҷикӣ ҳатто нисфи вақти эфирро ташкил намедиҳад.



Хусусан родиюҳои ғайриҳукуматӣ дар иҷрои ин қонун то кунун саҳлангорӣ кардаанд. Барномаи родиюҳо дар ибтидо 90% бо забони русӣ нашр мешуд, чун ҳеҷ гуна қонуне дар ин замина вуҷуд надошт. Родиюи "Ватан" яке аз чанд родиюи 24-соатӣ дар пойтахти Тоҷикистон аст.


Алиҷон Ҷӯраев сардабири хабари ин родию мегӯяд, акнун дар бахши хабар тақрибан вақти барномаҳои тоҷикӣ ва русӣ баробар шудааст:


«Барномаҳои радиои «Ватан» бо ду забон нашр имешавад, русӣ ва тоҷикӣ. Ман мушаххас гуфта наметавонам, ки чанд дар сад мусиқӣ ва дигар барномаҳо ҳаст. Мо 23 нашри хабарӣ дорем, ки ҳар ним соат пахш мешавад ва аз ин 12 нашри тоҷикӣ ва 11 нашри русӣ аст.»


Вале дар ҳар сурат дар ҳамаи родиюҳои ғайриҳукуматӣ барномаҳои мусиқӣ ва ғайрихабарӣ ҳамоно бо забонҳои дигар вақти бештаре доранд.


Аммо масъулини родиюи "Русское Радио - Ориёно" мегӯянд, бештар аз даҳ дарсади барномаҳояшон бо забони ғайри давлатӣ нашр мешавад.


Хилватшоҳи Маҳмуд сардабири барномаҳои хабарии родиюи Ориёно: «На бештар аз 12 дарсади барномаҳо бо забони тоҷикӣ ҳастанд. Фақат чор барномаи "Пайки Вуқуф" бо забони тоҷикӣ пахш мешавад. Ба ғайр аз чор барномаи хабарӣ дигар ягон барнома бо забони тоҷикӣ пахш намешавад. Ба истиснои рекламаҳои тоҷикӣ.»


Аммо раёсати бозрасии расонаҳои электронӣ ахиран бар асоси низомнома ва қонуни нави муҷаввизи расонаҳо тақозоеро барои риояи он аз сӯи расонаҳо пеш гузошта, ки бар тибқи он расонаҳо электронӣ бояд бештар аз шаст дар сади вақти эфири худро бо забони давлатӣ пӯшиш бидиҳанд. Дар ин росто Хилватшоҳи Маҳмуд мегӯяд, онҳо қасд доранд, то моҳи ноябр таҳияи бештар аз нисфи барномаҳоро бо забони давлатӣ бар роҳ андозад:


«Тасмим гирифтаем, рӯзҳои наздик, нисфи барномаҳо бо забони тоҷикӣ таҳия ва пахш шаванд. Барномаҳои хабарӣ таҳлилӣ ва тафреҳӣ.»


Дар маҷмӯъ назар ба баррасии ниҳоҳои мухталиф ва аз ҷумла бозрасии родию ва телевизиюн дар ҳоли ҳозир муқаррароти қонун дар мавриди истифодаи забони давлатӣ ба сурати комил танҳо аз сӯи шабакаҳои давлатӣ, шабакаи аввали телевизиюни Тоҷикистон, шабакаи аввали родиюи саросарӣ ва «Садои Душанбе» иҷро мешавад.



Ҳатто шабакаи телевизонии «Сафина» то кунун аз филмҳои хусусан бо забони русӣ ва барномаҳои таҳияшуда дар истудиёҳои хориҷӣ бо забони русӣ фаровон истифода мекунад.



Аммо Абдулмаҷид Усмонов - муовини раиси шабакаи мазкур мегӯяд, бо фароҳам шудани имконот ахиран ин вазъ беҳбуд ёфтааст:


«Телевизиони «Сафина» фаъолияти худро дар асосӣ Қонуни асосӣ, Қонуни радио ва телевизион ва дигар санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ ва ойинномаи худ ба роҳ мондааст. Муассиса чун нашрияи ҳукумат барномаҳои худро бо забони давлатӣ, инчунин бо дигар забонҳо нашр мекунад."


Аммо дар ҳамин ҳол Сайфиддин Назарзода - раиси Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Тоҷикистон мегӯяд: «Танҳо роҳи ҳалли масъала риояти қонунгузорӣ аст ва чун Қонуни забон вуҷуд дорад, додситонӣ бояд масъули назорат бар он бошад ва риояи онро чун ҳар қонуни дигари кишвар назорат кунад.»



Афзоиши нашарот бо забони русӣ дар ҳолест, ки бархе таҳлилгарон пешгӯӣ мекарданд, бо гузашти фурсат расонаҳои бо забони русӣ мухотабони худро аз даст хоҳанд дод. Аммо воқеъият ин аст, ки бо гузашти ҳар рӯз барномаҳои русӣ дар родию ва телевизиюнҳо зиёд мешавад ва шумораи рӯзномаҳои русӣ дар Тоҷикистон низ дар ҳоли афзудан аст.
XS
SM
MD
LG