Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳсҳои интихобот, афв ва суруди миллии Гулрухсор


«Наҷот» нашрияи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон менависад, дар зиндонҳои кишвар 11 ҳазор маҳбус ба сар мебарад. Дар миёни онҳо чеҳраҳои шинохта ба шумули вазирони собиқ ва генералҳо мисли Ёқуб Салимов, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва Ғаффор Мирзоев низ ҳастанд. Аммо мегӯяд рӯзнома, интизор намеравад, ки бар асоси Қонуни афв ин чеҳраҳо ва умуман зиндониёни сиёсӣ бахшида шаванд.



Ҳамин рӯзнома аз қавли Сайфулло Сафаров - мушовири пешини раиси ҷумҳур овардааст, агар ростои иҷрои Қонуни афв дар остонаи интихобот ба маҳбусони сиёсӣ низ таваҷҷӯҳ зоҳир шавад, ин амр ба эътибори раиси ҷумҳур хоҳад афзуд.


Ҳафтаномаи «Миллат» ба имкони таъсиси эътилофи аҳзоби мухолиф дар интихобот пардохта ва ин корро як амри тақрибан номумкин донистааст. Шокирҷон Ҳакимов - муовини раиси Ҳизби Сотсиал Демократи Тоҷикистон дар гуфтугӯе бо нашрия, роҷеъ ба имкони ҷонибдории ин ҳизб аз номзади Ҳизби Наҳзат дар интихобот гуфтааст, чизе ки миёни мо ва Ҳизби Наҳзат боиси ихтилоф аст, ин масъалаи арзишҳост. Мо гуфтааст ӯ, исломро қабул дорем, вале аз моҳияти дунявӣ ва иҷтимоӣ, низоми ҷумҳурӣ ҷонибдорӣ мекунем.


«Миллат» ҳамчунин тавони аҳзоби сиёсӣ дар ҷамоварии 160 ҳазор имзо дар тӯли 10 рӯзро ба манзури сабти номи номзадашон байид донистааст. "Миллат" ҳамчунин зери унвони "Осиёи Марказӣ саҳнаи рақобат ё ҳамкории қудратҳо" навиштааст, имкони рақобати миёни Русия ва Амрико дар оянда бар сари манобеъи Осиёи Марказӣ бештар шидат хоҳад гирифт, ки ин ҳол ҳатман аз нигоҳи амниятӣ бояд ҷое барои нигаронӣ дошта бошад.


Нашрияҳои русзабони чопи Душанбе ин ҳафта бо нашри аксҳои бузург аз Эмомалӣ Раҳмонов ва Владимир Путин умдатан ба масоили ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон пардохта ва баргузории мулоқоти Сочӣ, намоишгоҳи фаровардаҳои кишоварзии Тоҷикистон дар ин шаҳрро фоли нек номида ва мавриди хушҳолии худро аз густариши муносибот бо Русия иброз кардаанд.


Нашрияи "События" навишт, чунин рӯзе дар таърихи муносиботи Тоҷикистон ва Русия нодир аст. Ва сокиони Сочӣ бо дидани ин намоишгоҳ ба ёди даврони шӯравӣ рафта ва аз фурӯпошии он изҳори таасуф карданд.


Аммо "Азия Плюс" бо нашри акси вайронаҳои заминларза дар ноҳияи Рудакӣ ба инъикоси рӯзгори сокинони ин маҳали офатзада пардохта ва аз қавли Собит Неъматуллоев зилзилашиноси номвари тоҷик навиштааст, пешбинӣ кардани заминларза имкон дорад, аммо феълан дар Тоҷикистон таоми низоми зилзиланигорӣ аз ҳам рехтааст. Мо гуфтааст, ӯ зиминларзаи қаблӣ дар Султонободи ноҳияи Рӯдакиро пешгӯӣ кардем, вале феълан чунин имконе надорем. Ва ҳаррӯза дар Тоҷикистон то 20 заминларзаи хурд такон медиҳад, аммо рух додани заминларзаи бузургтарро наметавонам пешгуӣ кунам.


Ҳамин рӯзнома ба дастури охири раиси ҷумҳур дар марвиди аз бар кардани суруди миллии Тоҷикистон пардохта ва Гулрухсор шоири саршиноси тоҷик гуфтааст, дуруст аст, ки донистани суруди миллӣ аз шарти ҷомеаи маданист, аммо гуфтааст ӯ, ман ҳатто як мисраи ин суруди миллиро намедонам ва ман суруди миллии худамро дорам, ки ин аст "ман барои ту ба дунё омадам."
XS
SM
MD
LG