Пайвандҳои дастрасӣ

Як кушта ва ду захмии тоҷик дар Митишино


Дар ноҳияи Митишино воқеъ дар атрофи шаҳри Маскави Русия дар натиҷаи ҳамла ба шаҳрвандони Тоҷикистон як нафар кушта ва ду нафари дигар захмӣ шудаанд.


Хабаргузориҳои Русия бо истинод ба мақомоти интизомии ин ноҳия навиштаанд, дар соъоти шаби гузашта афроде, ки ҳанӯз ҳуввияташон маълум нашудааст, ба манзили нимасохте, ки тоҷикон дар он зиндагӣ мекардаанд, ҳуҷум бурдаанд.


Як шаҳрванди Тоҷикистон ба зарби корд дар ҷои ҳодиса ҷон додааст. Ҳадафи муҳоҷимон ғорат унвон шудааст. Ба навиштаи хабаргузориҳо, муҳоҷимон аз хона сад дулори омрикоӣ, ду ҳазор рубли русӣ ва ду телефони ҳамроҳ (мобил) бо худ бурдаанд.


Мақомоти интизомии ноҳияи Митишино гуфтаанд, барои таҳқиқи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
XS
SM
MD
LG