Пайвандҳои дастрасӣ

Кабирӣ: Дастикам 50 нафар метавонанд кондиди раёсати ҷумҳурӣ бошанд


Маъсумаи Турфа Дар ҳоле ки то баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон каме бештар аз ду моҳ боқӣ мондааст, ба назар намерасад, ки ҳич як аз аҳзоби сиёсии мухолифи давлатбо шитоб дар ҳоли омодагӣ ба корзори интихоботӣ бошад. Маъсумаи Турфа, раиси бахши тоҷикии Озодӣ, ки ин рӯзҳо дар Душанбе ба сар мебарад, талош кардааст дар гуфтугӯҳои ошкор бо раҳбарони аҳзоби Тоҷикистон мавзеъгирӣ ва барномаҳои онҳо дар остонаи интихоботро ошкор кунад. Гуфтугӯи нахуст бо Муҳиддини Кабирӣ - сарпарасти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аст.

Турфа: Ман бештар мехостам, ки тамаркузи фикрии шуморо бибарам дар атрофи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ. Албатта, мавзӯъи ҳизб ва мушкилоти мавҷуд дар он замина - ба як тараф. Аммо пурсиши нахусти ман ин аст, ки оё дар интихобот худатонро номзад хоҳед кард?

Кабирӣ: Посухи ман ба ин пурсиш ҳамеша яке буда: ин марбут ба анҷуман аст. Агарчи раҳбарии кунунии ҳизб ҳастам, аммо анҷуман ҳар чи тасмиме бигирад, ҳамчун як сарбоз итоъат аз фикри анҷуман хоҳам кард. Аз ин рӯ, пеш аз анҷуман дар ин бора чизе гуфтан, аз нигоҳи сиёсӣ, хуб нест.

Турфа: Аммо агар анҷуман ба шумо раъй бидиҳад, метавонем интизор дошта бошем, ки шумо бипазиред ва кондиди раёсати ҷумҳурӣ бишавед?

Кабирӣ: Агар анҷуман хоҳиш кунад ё раъй бидиҳад, ки банда кондиди раёсати ҷумҳурӣ бошам, танҳо он вақт назари шахсии худро ба анҷуман хоҳам гуфт ва аз анҷуман хоҳише хоҳам кард. Умед дорам, ки анҷуман назари бандаро ҳам ба эътибор хоҳад гирифт. Вале чун ҳанӯз он рӯз фаро нарасида ва шояд, ки анҷуман каси дигарро кондид кунад, зуд аст, ки аз анҷуман чизе хоҳиш кунам ё дар ин бора назар бидиҳам.

Турфа: Пас дар натиҷа ман ин тавр мефаҳмам, ки ба таври машрут инро хоҳед пазируфт, яъне шарти худатонро ҳам хоҳед дошт.

Кабирӣ: Агар анҷуман пофишорӣ кунад ва воқеъан, дигар роҳеро пайдо накунад, ҳатман шартҳое хоҳам дошт. Вале умед дорам, ки кор то ба ин дараҷа нахоҳад расид ва анҷуман назари бандаро хоҳад гирифт ва шояд тасмими анҷуман дар мавриди кондид дигар бошад.

Турфа: Ҳо, ин ҷо пас маънӣ ин шуд, ки шумо дар ваҳлаи аввал рад хоҳед кард, магар ин ки фишор биёяд бар шумо?

Кабирӣ: Ман ҳаргиз рад нахоҳам кард. Ман аз анҷуман хоҳиш хоҳам кард, ки нафари дигареро кондид кунад.

Турфа: Бисёр хуб. Вале фарз кунед, ки шумо дар муқобили Эмомалӣ Раҳмонов кондид ҳастед. Шояд бар мабнои ин фарз ман ба ин натиҷа бирасам, ки шояд аз яке-ду назар вазъ нисбат ба замони гузашта беҳтар бошад: шумо ҷавонтар ҳастед, хушфикр ҳастед, фикрҳои нав доред, дар зимни ин ки як марди бисёр исломӣ ҳастед ва рӯи боварҳои исломитон ҳам пофишорӣ хоҳед кард. Дар натиҷа метавонед тарафдорони бисёре дошта бошед. Аз як назар, шояд дар баробари оқои Раҳмонов кондиди матраҳ ва муҳимме бошед. Аммо аз ҷиҳати дигар, ман мебинам, ки набудани ҷаноби оқои Нурӣ мумкин аст, ки заъферо барои шумо ба вуҷуд биёрад. Чунки вазнаи сангине, ки пуштибони шумо бошад, акнун рафтааст. Ҷои холии ин вазнаро шумо чи гуна пур хоҳед кард?

Кабирӣ: Вақте ки мо дар бораи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ суҳбат мекунем, пӯшида нест, ки раёсати Ҳизби Наҳзати Исломӣ чунин тасмимеро гирифт, ки дар интихобот бо номзади худ ворид хоҳад шуд. Вале ин раъйи раёсати ҳизб аст ва ҳарфи ниҳоиро анҷуман хоҳад зад. То замоне ки устод Нурӣ болои сари мо буданд, мавзӯъи интихобот барои мо аввалдараҷа буд ва ҳизб худро ва ҷонибдорони худро барои ширкати васеъ дар интихобот бо доштани номзади худ омода мекардем. Баъд аз рафтани устод авлавиятҳои дигаре ба вуҷуд омаданд ва интихобот каме поинтар рафт. Дар ин марҳила мавзӯъи аввал барои ҳизб ҳифзи якпорчагӣ ва иттиҳоди ҳизб, ҷобаҷоии шахсиятҳои ҷадид дар дохили ҳизб аст ва ба таври табиъӣ мавзӯъи интихобот меравад ба ҷои дуввум.

Турфа: Мумкин аст, ки ба мавзӯъи дуввум табдил шавад, аммо ба ҳар ҳол, моҳи ноябр дар пеш аст ва шумо ба унвони яке аз муҳимтарин ҳизбҳои сиёсии матраҳ дар Тоҷикистон ва шумо ба унвони раҳбари он, наметавонед бигӯед, ки интихобот дар дараҷаи дуввуму севвум аст. Ва ҳатто ба унвони як мутафаккир дар заминаи сиёсии Тоҷикистон як мавзеъ ё назари мушаххасеро дар ин бора дошта бошед. Он фикри шумо чист? Мехоҳед, ки Наҳзати Исломӣ дар фазои сиёсии феълии Тоҷикистон дар давраи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ чи нақше дошта бошад? Ба унвони кондид нагӯед, ба унвони раҳбари ҳизб бигӯед.

Кабирӣ: Ҳатман дар рӯзҳои интихобот мавзӯъи интихобот ба ҷои аввал хоҳад рафт. Вале дар он рӯзҳо, на дар марҳилае, ки акнун қарор дорем, ки чанд моҳи дигар мондааст ва ҳизб ҳам мушкилоти дигарро дорад пушти сар мекунад. Ва агар мо ба он рӯз бирасем, ман ҳатман назари худро хоҳам гуфт; чи ба ҳайси раҳбари ҳизб ё ба унвони як шаҳрванд. Қаблан ҳам гуфта будам, ки дар Тоҷикистон ҳадди ақал 50 нафаре ҳастанд, ки метавонанд кондиди раёсати ҷумҳурӣ бошанд. Яъне ман бо касоне мувофиқ нестам, ки мегӯянд, дар муқобили раиси ҷумҳурии кунунӣ олтернотиверо намебинанд. Онҳо тамаллуқи беҷои ба оқои Раҳмонов карда истодаанд. Ва таҳқир ҳам ҳаст ба миллат. Миллате, ки панҷоҳ то сад нафари масъулиятпазир надорад, пас он миллат нест. Он як қавм ё халқияте ҳаст, ки ниёз ба як раҳбари ягона дорад...

Турфа: Аммо мушкил дар миллат ва алоқа надоштани миллат нест. Мушкил дар ҷамъ кардани 160 000 имзо ҳаст, ки бо таваҷҷуҳ ба мушкилоте, ки медонем, барои довталабон дар Тоҷикистон бисёр душвор аст. Дар натиҷа, танҳо баъзе аз афрод ё аҳзоб ҳастанд, ки ин имконро доранд. Агар иштибоҳ накарда бошам, шояд Наҳзати Исломӣ яке аз онҳо бошад. Ман мехоҳам бифаҳмам, ки бидуни вуҷуди ҷаноби оқои Нурӣ, ки тайи солҳои гузашта вазнаи сангини сиёсӣ дар Тоҷикистон буд, ҲНИТ ин 160 000 имзоро чи гуна ба даст хоҳад овард барои ҳар кондиде, ки матраҳ кунад?

Кабирӣ: ҲНИТ ин рақам имзоро чи дар мавҷудияти устод Нурӣ ва чи бидуни он кас метавонад ҷамъ кунад. Имрӯз ҳам, агар ҳизб тасмим бигирад, ки дар интихобот ширкат хоҳад кард, ҷамъ овардани ин миқдор имзо, агарчи кори осон нест, вале барои мо қобили иҷрост.

Турфа: Оё фикр мекунед, ки аз тарафи мақомоти масъули марбута дар саросари Тоҷикистон мушкиле ба вуҷуд хоҳад омад? Агар мушкиле ба вуҷуд омад, чи истротежие доред? Чи кор хоҳед кард?

Кабирӣ: Мо барои хунсо кардани ҳар як аз онҳо токтике дорем. Вале истротежии мо ин аст, ки ҳаргиз даст ба хушунат нахоҳем зад...

Турфа: Дақиқан ба ҳамин нукта мехостам бирасам. Чун ин давраи интихобот шояд калидитарин давраи интихобот барои шумо бошад. Ҳамин тавре, ки медонед, бо тағйироте, ки дар Қонуни Асосӣ шуда, ин имкон ҳаст, ки барои муддати зиёде дар Тоҷикистон тағйире пеш наояд ва як ҳизб дар ҳукумат боқӣ бимонад. Агар ин охирин шонси шумост, агар шумо фақат ду моҳ фурсат доред, агар як чеҳраи ҷадид ҳастед ва мехоҳед фикри ҷадид биёред, ба мо бигӯед, ки ин фикри ҷадид чи ҳаст? Чи тавр метавонед теъдоди бештари аъзоро ба худ ҷалб кунед?

Кабирӣ: Дар сиёсат ду роҳи таъсир расондан ба афкори умумӣ ва ҷомеъа ҳаст. Муассиртарини он сари қудрат омадани худи соҳибони фикр аст, то ин ки худашон фикрашонро пиёда кунанд. Ва роҳи дуввум таъсиргузорӣ ба афродест, ки соҳиби қудрат ҳастанд ва онҳо метавонанд назари ҳизби дигареро ҳам амалӣ кунанд. Аз нигоҳи ман, дар шароити кунунии Тоҷикистон осонтарин ва оромтарин роҳ ин таъсиргузорӣ ба зеҳн ва мавзеъгириҳои касонест, ки соҳиби қудрат ҳастанд. Чун агар онҳо омода нестанд, ки қудратро ба каси дигар диҳанд ва ин метавонад натиҷаи баде дошта бошад, даст ба хушунат бизананд ё барои ҳифзи қудрат аз ҳамаи василаҳо истифода кунанд, пас беҳтарин роҳ ҳам барои ҳифзи оромиши ҷомеъа ва ҳам ворид кардани тағйирот дар ҷомеъа таъсиргузорӣ ба афроди соҳиби қудрат аст.

Турфа: Пас дар ҳамин ҷост, ки бисёре аз коршиносон ва бисёре аз пайравон ва дӯстдорони шумо шуморо маҳкум мекунанд, ки беш аз ҳад мусолеҳаҷӯ ҳастед ва беш аз ҳад тарафи давлатро мегиред. Онҳо мегӯянд, шумо бояд хатте дошта бошед, ки тафовут бикунад ва нишон диҳад, ки ҲНИТ истиқлоли амалӣ ва фикрӣ дорад. Он хат дар куҷост?

Кабирӣ: Ман каме назари авваламро идома медиҳам ва сипас ба пурсиши дуввуми шумо боз хоҳам гашт. То имрӯз Ҳизби Халқи Демукроти Тоҷикистон аз ҳизбе, ки чанд сол пеш буд, хеле тағйир ёфта ва дур рафтааст. Мо мутмаиннан ва бо сароҳат мегӯем, ки ин тағйир зери таъсири ҳизби мо ҳам буд. Он шиъорҳое, ки ҲХДТ имрӯз дар ҷомеъа матраҳ мекунад, шиъорҳое нест, ки аз ҷавҳари худи ин ҳизб ё афроди он баромада бошад. Дар бисёре аз маворид ҳарчанд он шиъорҳо аз забони Ҳизби Халқи Демукрот эълом мешавад, вале ҷавҳар ва заминаи онҳо ҳизбҳои дигар аст, аз ҷумла Ҳизби Наҳзати Исломӣ. Яъне мо тавонистем аз роҳҳои мухталиф ба онҳо таъсир бигзорем, то онҳо билохира ин шиъорҳову арзишҳо ва ҳадафҳои миллиро ба забон биёранд.

Турфа: Охир, агар мавзӯъи таъсиргузорӣ матраҳ аст, пас шумо метавонед мушовири давлат бишавед ва аз лиҳози фикрӣ таъсир бигзоред. Тафовути як мушовир ва як раҳбари ҳизби мухолиф бояд дар чӣ бошад, ба назари шумо?

Кабирӣ: Мушовироне, ки имрӯз ҳастанд, чӣ таъсире доранд, ки агар намояндаи як ҳизб ба он сохтор биравад, таъсири бештаре хоҳад дошт? На. Чун ҷомеъаи Тоҷикистон суннатҳои хосси худро дорад, агарчи бо аксари онҳо ман мувофиқ нестам, вале ин воқеъият аст. Роҳҳои таъсиргузорӣ ба доираҳои тасмимгиранда хеле мухталиф аст. Ман дар посух ба пурсиши дуввуми шумо мехоҳам бигӯям, ки ҳизб бояд дар миёни ин ҳама гирудорҳо ва радду бадалҳои сиёсӣ истиқлоли худро ҳифз кунад. Ман бо ин нукта комилан мувофиқам. То имрӯз ҳизб истиқлоли худро ҳифз кардааст ва хоҳад кард. Агар зарурате барои интиқод аз мақомоти давлатӣ вуҷуд дошта бошад, мо интиқод хоҳем кард ва ба нуқтаҳои заъфи ҳукумат сароҳатан ишора хоҳем кард. Ин ҳам яке аз роҳҳои таъсиргузорист. Ҳаргиз иҷоза нахоҳем дод, ки ҲНИТ ҳамчун як ҳизби, ба истилоҳ, ҷайбӣ муъаррифӣ шавад. Баръакс, мо ҳамеша талоши зиёд кардаем барои ҳифзи истиқлол.

Турфа: Вале шумо мехоҳед чи чизеро ба миллати Тоҷикистон бидиҳед, ки он ҳизби дигар, Ҳизби Халқи Демукротик, намедиҳад? Чи чизе шуморо аз дигарон ҷудо мекунад? Ба ҷуз масъалаи исломӣ будан ва мазҳаб, ки як бахши мавзӯъ аст. Чи сиёсатҳое хоҳед дошт? Рӯи чи масоиле таъкид хоҳед кард ва бо чи будҷае?

Кабирӣ: Ин суолҳо калидист ва бояд, ки як ҳизби сиёсӣ пас аз муъаррифии номзад ба ин пурсишҳо посух диҳад. Вале вақте ки ҳанӯз ба он нуқта нарасидаем, эъломи ваҷҳи тамоюз ва тафовути байни мо ва ҳизби ҳоким дар ин марҳила, аз нигоҳи ман, каме зуд аст...

Турфа: Бештар аз ду моҳ вақт намондааст-ки?

Кабирӣ: ...Шояд барои дигар кишварҳо ин дер бошад. Вале барои Тоҷикистон ин ҳанӯз зуд аст. Бо вуҷуди исрори шумо ба ин ки ман ҳатман рӯи ин нуктаҳо ишора кунам, дар ин марҳила ман худдорӣ мекунам.

Турфа: Масалан, агар дар хотирам ба хубӣ монда бошад, яке аз корҳои аслие, ки Ҳизби Наҳзати Исломӣ ҳамеша мехоста бикунад, мубориза бо фақр ва фасод буда. Оё ҳич қадаме дар ин роҳ бардошта шуда?

Кабирӣ: Аз роҳи интихоботи озод. Агар дар Тоҷикистон интихоботи озод роҳандозӣ шавад ва мардум барои ширкат дар ин раванд шавқу ҳавасе пайдо кунанд, дарҳо боз хоҳад шуд. Дуввум, интихобӣ будани аксари мансабҳои давлатӣ. Ин давлат аст, ки бо доштани як чунин ниҳоди бузург, будҷа ва путенсиели мардумӣ метавонад пеши худ ин вазифаро бигзорад ва онро амалӣ кунад.

Турфа: Оё ҳизби мухолиф набояд бо интиқодҳои шадид аз ҳар тариқ ва минбаре, ки шуда, масъалаи фарқро матраҳ кунад, то давлат ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ кунад? Оё шумо ин корро кардед?

Кабирӣ: ҲНИТ ин корҳоро анҷом дода, вале на ба шакле, ки бисёриҳо интизор доранд, яъне шадидуллаҳн ва тунд.

Турфа: Масъалаи шадидуллаҳн будан аслан матраҳ нест. Масъала ин аст, ки пешниҳодҳо ва роҳи ҳалҳо бояд мураттабан ва кароран аз сӯи ҳизби мухолиф дода шавад. Алъон шумо бештар аз ду моҳ фурсат надоред ва ҳатман шунидаед, ки мегӯянд: як қатор агар рафт, дигар рафт. Шумо наметавонед савори он қатор шавед. Шумо дар ин фосила чи кор мекунед, ки битавонед шонсеро, ки ҲНИТ барояш солҳои зиёд заҳмат кашида, битавонед онро барои миллат ба даст биёред?

Кабирӣ: Ин фурсате, ки мо дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дорем ва ҳар як ҳизби сиёсии дигар, барои марҳилаҳои баъдӣ ин шояд як фурсати нодир аст барои матраҳ кардани ҳизб. Ҳизби сиёсӣ ҳамеша фурсат дорад ва метавонад ҳарфи худро бизанад. Аз ин рӯ, ин интихобот барои мо фурсати хубу нодир аст, вале танҳо фурсат нест, ки мо ҳамаи тавон ва нақшаҳои худро танҳо марбут ба ҳамин интихобот бидонем.

Турфа: Ман дар гуфтаҳои шумо эҳсос мекунам, ки сахт нигарони чизе ҳастед. Баъзеҳо мегӯянд, ки ҳизб муттаҳидтар шуда, аз сӯи дигар, бархе мегӯянд, ки на, мушкилоте дар дохилаш ҳаст. Он нигароние, ки ман эҳсос мекунам, вақте шумо мегӯяед, ки бояд авлавиятҳои тоза дошта бошеду фикрҳои дигар бикунед, чист?

Кабирӣ: Нигарониҳои ман аз дохили ҳизб сарчашма намегирад. Ман бо тамоми масъулият мегӯям, ки ҲНИТ исбот кард, ки якпорчаву муттаҳид аст ва сиёсате, ки алайҳи дигар ҳизбҳо ба кор бурданд, то аз дохил пора шаванд, дар ҳизби мо амалӣ нахоҳад шуд. Нигаронии ман аз ҷомеъа ё ҷониби дигар аст¸ ки моро чи гуна хоҳанд пазируфт. Яке аз ҳадафҳои ҳар ҳизби сиёсӣ расидан ба қудрати сиёсист. Агарчи танҳо ин ҳадаф нест, вале бисёриҳо гумон мекунанд, ки танҳо ҳадафи ҳизби мо ҳам расидан ба қудрати сиёсӣ аст ва мо он қудратро аз дасти касе дигар хоҳем гирифт. Вақте ки мо тавонистем ҷониби дигарро мутақоъид кунем, ки барои гирифтани қудрат аз дасти касе талош нахоҳем кард ва агар талош ҳам кунем, дар чорчӯби қонун хоҳад буд ва мо ҳатман ҷониби дигарро ҳамчун душман нахоҳем шинохт.

Вобаста

XS
SM
MD
LG