Пайвандҳои дастрасӣ

Мувофиқати машрути Ғарб барои гуфтушунуд бо Теҳрон


Филип Дуст-Блазӣ, вазири хориҷаи Фаронса гуфтааст, ки қудратҳои ҷаҳон хостори музокира бо Теҳрон дар бораи барномаи ҳастаии он хоҳанд буд, танҳо ба шарте, ки Ирон ғанисозии урониюмро мутаваққиф кунад.


Оқои Дуст-Блазӣ ин суханонро рӯзи чаҳоршанбе (23 август) пас аз дидору гуфтугӯ бо Тзипӣ Ливнӣ - ҳамтои исроилии худ дар як нишасти хабарӣ дар Порис баён кард.


Ирон рӯзи сешанбе (22 август) хостори оғози гуфтушунуд дар бораи барномаи ҳастаиаш шуд. Аммо ҳанӯз нишоне ҳокӣ аз пазириши тақозои калидии Шӯрои Амнияти Созмони Милал аз сӯи Ирон нест. Шӯрои Амният аз Ирон хостааст, ки то рӯзи 31 август даст аз ғанисозии урониюм бардорад, вагарна бо эҳтимоли эъмоли таҳримҳои иқтисодӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.


Оқои Дуст-Блазӣ дар ин нишасти хабарӣ ҳозир нашуд дар бораи пешниҳодҳои муқобилаии Ирон ба бастаи пешниҳодии қудратҳои ҷаҳон изҳори назар кунад. Шаш қудрати ҷаҳон ба Ирон пешниҳодҳои ташвиқкунандае ироа кардаанд, то фаъъолиятҳои ҳастаии худро ба ҳолати таълиқ дароварад.


Вай гуфт, санаде, ки аз сӯи Ирон ироа шуда, бисёр печида аст ва бояд онро бештар мутолеъа кард.
XS
SM
MD
LG