Пайвандҳои дастрасӣ

Нашрияҳои Тоҷикистон: 17-24 августи 2006


Нашрияи «Миллат» сафаҳоти зиндагии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ - поягузори Ҳизби Наҳзати Исломиро варақ зада ва дар матлабе навиштааст:

«Генералҳои КГБ-и собиқро ҳам дидам, ки бо Нурӣ видоъ мекарданд. Онҳо дақиқан барои он наомаданд, то мутмаин шаванд, ки Нурӣ даргузаштааст ва низ дигар як мулло барои низоме, ки онҳо ҳифз мекунанд, хатар эҷод намекунад. Онҳо акнун Нуриро беҳтар аз дигарон шинохтаанд. Нурӣ Тоҷикистонро насохтааст, дунёро низ. Талоши 59 соли умраш сохтани худаш буд ва худашро сохт. Ва дар ин худсозӣ хелеҳоро худшинос кард, хелеҳоро на."

«Миллат» сӯҳбатеро ҳам бо Муҳиддин Кабирӣ анҷом додааст, ки то рӯзи баргузории ҳамоиши ин ҳизб ҷойгузини раҳбари он хоҳад буд. Дар ин суҳбат чеҳраи сиёсии оқои Кабирӣ баррасӣ шудааст. Ӯ ба суоли он ки мегӯянд шумо ғарбгаро ҳастед, посух додааст:

«Мушкил дар он аст, ки шояд байни дигар сиёсатмадорони кишвар ман бештар ба Ғарб даъват шавам. Бештар дар донишгоҳҳои ғарбӣ суҳбат мекунам. Шояд сабаби ин даъватҳо донистани забон ва намояндаи ягонаи ҳизби динии минтақа будан аст. Банда, ки имони комил ба бартарияти фарҳанги худ, мазҳаби худ ва миллати худ дорам, аз Ғарб ҳеч ҳарос надорам».

Ва дар ҳамин ҳол «Факты и комментарии» ин таҳаввулоти ахир дар ҲНИТ-ро «Тобистони сарди соли 2006» унвон карда ва навиштааст, дар Тоҷикистон замони иваз шудани наслҳо фаро мерасад. Рӯзнома марги Абдуллоҳи Нурӣ ва сарпарастии ҳизб тавассути Муҳиддин Кабириро намуна овардааст. Ҳамзамон муаллифи матлаб афзудааст, "мо имрӯз шоҳиди иваз шудани насҳо дар аҳзоб ҳастем, ба ҷуз аз Ҳизби халқи демократ. Раҳбарони ин аҳзоб бо сабабҳои табиӣ ё маснӯъӣ аз мақомҳои худ барканор мешаванд».

Ва ин нуктаро нашрияи «Вақт» низ ба риштаи таҳлил кашида, ҳамчунин дар матлабе зери унвони «Тӯраҷонзода бармегардад?!» тақдири ояндаи ҲНИТ-ро ҳадс задааст.

Муаллифи матлаб навиштаст: «Тӯраҷонзода метавонад ба номзади ҳизби халқӣ демократӣ дар интихоботи президентӣ рақиби сазоворе шавад. Вале ҳарифи сазовор шудани ӯ ба он вобоста аст, ки вай ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бармегардад ё не».

Чун дар интиҳои ҳафтаи гузашта Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи собиқи горди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳабси абад маҳкум шуд ва як рӯз қабл аз он раисиҷумҳурӣ қонуни афви умумиро ба муносибати 15-солагии истиқлоли кишвар ба порлумон ироа кард, ҳафтаномаи «Вақт» ин ду таҳаввулро дар зери як матлаби «Ғаффор Мирзоев афв мешавад?» баррасӣ кардааст.

Муллифи матлаб бо истинод ба назари коршиносон менависад: «Ғайримумкин аст, ки ба чеҳраҳои сиёсии кишвар, масалан, ба Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Ғаффор Мирзоев ва дигарон, ки ба ҳар баҳонае ба маҳбас кашида шудаанд, ягон сабукӣ дода шавад, зеро дар афвҳои гузашта низ чунин амал нисбати онҳо сурат нагирифта буд. Аммо меафзояд, аз эҳтимол дур нест, ки ҷиноёти иқтисодии маҳбусони сиёсӣ низ афв гарданд».

Аммо аксари нашрияҳои ин ҳафтаи чопи Душанбе дар муқобили даргузашт ва зиндонӣ шудани чеҳраҳои сиёсии Тоҷикистон аз таваллуди ҳафтмилюнумин сокини кишвар хабар додаанд. Ва дар робита бо ин шаҳрдори Душанбе ба ин кӯдак ва хонаводаи ӯ як манзили чаҳорутоқӣ тақдим кардааст.

Нашрияи «Азия плюс» аз анҷоми мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви созмони Уруосиё дар Сочӣ хабар дода навишааст: "Дар ин мулоқот ба масоили танзими обу энержӣ ва рушди энержии ҳастаӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир шуд. Ҳамчунин дар ин ҳамоиши ғайрирасмӣ тавофуқномаи пайвастани Узбакистон ба Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ба тасвиб расид."

Нашрия ҳамчунин хабар додааст, ки дар ҳошияи ҳамоиши Сочӣ ба дастури раисиҷумҳурии Тоҷикистон намоиши фаровардаҳои кишоварзии деҳқонони тоҷик доир шуд ва ширкаткунандагони ҳамоиш аз он боздид карданд.
XS
SM
MD
LG