Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷиноҳи "Ватан" дар тадоруки баргузории ҳамоиш


Кумитаи тадорукоти баргузории ҳамоиши фавқулъодаи Ҳизби Демукроти Тоҷикистон эълом кардааст, ки ин ҳамоиш рӯзи якшанбе, 27 август дар шаҳри Душанбе доир хоҳад шуд. Ин кумита яку ним моҳ пеш дар заминаи ҷиноҳи "Ватан"-и ин ҳизб таъсис шуд.


Дастандаркорони баргузории ҳамоиш мегӯянд, ки теъдоди лозими имзоҳоро барои баргузории ҳамоиш ҷамъоварӣ карда ва дар ихтиёри раёсати Ҳизби Демукроти Тоҷикистон қарор додаанд. Масъуд Собиров - раиси кумитаи баргузории ҳамоиши фавқулъода мегӯяд, ҳадафи онҳо ҷон бахшидан ба фаъъолияти ҲДТ аст, ки ба гуфтаи вай, тайи чанд соли ахир дар саҳнаи сиёсӣ нақши худро аз даст додаст.


Ин дар ҳолест, ки бархе аз мақомоти раёсати ҲДТ иддаъои ин кумитаро такзиб ва маҳкум мекунанд ва мегӯянд, ки имзоҳои ҷамъовардаи Кумитаи тадорукот тақаллубист ва аъзои ин кумита ҳаққи баргузории ҳамоиши ҳизбро надоранд.


Бад-ин гуна баҳси миёни аъзои ҲДТ, ки аз моҳи апрел ба сурати расмӣ оғоз шуд, ба авҷи худ мерасад. Бисёре аз коршиносон эҳтимоли гирифтории ҲДТ ба сарнавишти Ҳизби Сусиёлисти Тоҷикистонро низ баъид намедонанд.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG