Пайвандҳои дастрасӣ

Фарҳанги диплумосӣ аз диди К. Мори ва вокуниши вазорати Бритониё


Ёдоварӣ мекунам, ки Крейг Мори соли 2003 ба унвони сафири Бритониё вориди Тошканд шуд, аз вазъияти ҳуқуқи башари он ҷо беандоза нороҳат шуд ва шурӯъ кард ба интиқодҳои ошкор алайҳи давлати Узбакистон ва пас аз муддате аз мақомаш маҳрум монд. Вале қабл аз он ки Крейг Мори вориди Узбакистон шавад, магар аз вазъияти ҳуқуқи башар дар он кишвар хабар надошт? Аз худи ӯ мешунавем:

Мори: Ман Узбакистонро ба хубӣ намешинохтам. Байни тарки шуғли қаблиам дар Ғано ва вурудам ба Узбакистон танҳо шаш моҳ фурсат доштам. Тайи ин муддат ман бояд забони русиро фаро мегирифтам. Ва шумо медонед, ки ёд гирифтани забони русӣ дар зарфи шаш моҳ кори ҳазрати фил аст. Аз ин рӯ ман шадидан саргарми ин кор будам. Фақат барои як ҳафта ба ман дар бораи Узбакистон маълумоте доданд. Чизҳое, ки тайи он давраҳо ба ман гуфтанд, ин буд, ки Узбакистон аз давраи шӯравӣ то кунун хеле тағйир накардааст, ва ин ки Узбакистон дар заминаи нафту гоз аз зарфиятҳои бузурге бархурдор аст ва дар бораи эҳтимоли эҳдоси лӯлаи гоз дар Осиёи Миёна суҳбатҳое карданд. Ва албатта, рӯи нақши Узбакистон ба унвони муттаҳиди наздики Омрико дар корзори, ба истилоҳ, зидди теруризм таъкид карданд. Доштани ин иттилоъот, албатта, хуб буд, вале онҳо маро аз шароити воқеъии он кишвар хеле огоҳ накарда буданд.

Пурсиш: Ва дар паи он шумо бо масоили мухталифи марбут ба ҳуқуқи башар дар Узбакистон рӯбарӯ шудед. Вале оё дар маъмуриятҳои қаблитон дар кишварҳое ба монанди Ниҷерияву Ғанои Офриқо ва Лаҳистон бо мавридҳои мушобеҳе бархурд накарда будед?

Мори: На. Ғано як кишвари бисёр озод аст. Ғано як кишвари демукротик бо вазъияти хуби ҳуқуқи башар аст. Ниҷерия дар ин замине мушкилоте дошт, вале миқёси он мушкилот ба вусъату густардагии мушкилоти ҳуқуқи башар дар Узбакистон набуд. Давлати Узбакистон яке аз панҷ режими баду худкомаи ҷаҳон аст. Аз ин рӯ хеле сахт аст шумо бо мушкилоти мушобеҳ дар кишварҳои дигар мувоҷеҳ шавед.

Пурсиш: Дар як гуфтугӯи хусусӣ бо яке аз сафирони пешини Бритониё, ки номаш дар китоби шумо ҳам омадааст, назарашро дар бораи шумо пурсидам. Вай аз наҳваи бархурди шумо бо масоили марбут ба ҳуқуқи башар дар Узбакистон интиқод кард. Ин сафири собиқ бо ишора ба диплумосии мушкил дар давраи Ҷанги Сард гуфт, ки масалан, дар Шӯравии аҳди Истолин сафирони Бритониё медонистанд, ки милюнҳо нафар зери юғу ситами вай мемиранд. Вале онҳо намехостанд бо тарҳи ошкори ин масоил равобити Бритониё бо Шӯравиро зери хатар бигзоранд. Аммо шумо дар Узбакистон аз ин одати диплумотик пайравӣ накардед. Фикр мекунед, ин иштибоҳи шумо буд?

Мори: Ман фикр мекунам, ки тарҳ накардани ин нигарониҳо дар Шӯравии аҳди Истолин як иштибоҳи бузург буд. Албатта, он даврон фарқ мекард. Аммо мутаассифона, вазорати хориҷаи Бритониё ҳамгом бо замон нест. Воқеъият ин аст, ки шояд дар даҳаи 1930 мардум хеле нигарони вазъияти ҳуқуқи башар набуданд. Аммо мо ҳоло дар соли 2006 ба сар мебарем ва хушбахтона, барои мо вазъияти ҳуқуқи башар ҳоизи аҳамият аст.

Пурсиш: Агар ба шумо як фурсати дигар дода буданд, ки сафири Бритониё дар Тошканд бошед, оё чизеро дар рафтори диплумотики худ тағйир хоҳед дод ё на?

Мори: На, фикр намекунам тағйири умдае бидиҳам. Вақте шумо бо як режими худкома ва бад мисли режими Узбакистон рӯбарӯ ҳастед, ки мардуми худашро ба фақру бенавоӣ кашондааст, рафтори дигаре аз шумо бар нахоҳад омад. Аслан равшан нест, ки чаро узбакҳо фақиртар аз қазокҳо ҳастанд. Танҳо далели он сӯъимудирияти иқтисодӣ ва тасоҳуби пулу дороиҳо тавассути Каримов ва дӯстони ӯст. Вақте шумо бо чунин вазъияте рӯбарӯ ҳастед, сарфи назар аз шуғле, ки доред, бояд бо он муқобила бикунед. Ва ман ҳам талош кардам ҳамин дайни худро анҷом диҳам.

Пурсиш: Робитаи шумо бо вазорати хориҷаи Бритониё чи тур аст дар ин рӯзҳо?

Мори: Ҳмм, дар воқеъ, мо дигар ҳич робитае надорем (механдад). Ман дигар барои онҳо кор намекунам. Онҳо аз ман хеле хушашон намеояд, ман ҳам аз онҳо хеле хушам намеояд.

Пурсиш: Яъне шумо куллан бо кормандони вазоратхона қатъи робита кардаед?

Мори: Ман ҳанӯз ҳам дӯстони хубе дорам, ки дар вазорати хориҷа кор мекунанд. Яъне ҳамкорони собиқи ман. Ва ман баъзан онҳоро дар маконҳои иҷтимоъӣ мебинам. Аммо бо вазорати хориҷа ба унвони як ниҳоди расмӣ ман дигар иртиботе надорам.

(Поёни ин бахш аз суҳбати мо бо Крейг Мори)

Ҳамон гуна ки гуфтам, вазорати хориҷаи Бритониё низ дар посух ба пурсиши Фарҳангу Андешаи Озодӣ номае ирсол кард ва дар бораи китоби "Қатл дар Самарқанд"-и Крейг Мори вокуниш нишон дод. Пурсиши ман ин буд, ки Крейг Мори китобашро бидуни дарёфти иҷозаи вазорати хориҷаи Бритониё чоп кардааст. Оё қарор аст ин вазоратхона иқдоме алайҳи ӯ ё ношир анҷом диҳад? Номае, ки дарёфт кардам, аз як сухангӯи ин вазоратхона дар Ландан буд, ки намехост номашро ин ҷо зикр кунам. Дар ин нома мехонем:

"Мо тасмим гирифтем, ки ҳич иқдоми боздорандае анҷом надиҳем ва монеъ аз чопи китоби оқои Мори нашавем. Ин тасмим ба далоили мухталифе гирифта шуд ва аслан ба маънии эътои машрӯъият ба китоби ғайридақиқ ва ғалатандози оқои Мори нест. Ва мо ҳанӯз муътақид ба ин ҳақиқатем, ки чопи ин гуна шарҳу тафсирҳо кори ғалат аст. Мо ба оқои Мори номае навишта ва тавзеҳ додаем, ки ба бовари мо чопи ин китоб кори дурусте набуд, зеро он нахуст, хиёнат ба эътимод аст, сипас бархе аз нукоти он дақиқ нест ва дигар ин ки интиқод аз ҳамкорони собиқ мунсифона нест. Бархе аз нукоти китоб туҳматомез ҷилва мекунад ва мо аз кормандони вазорат, ки аз онҳо дар китоби оқои Мори зикри шарр сурат гирифта, ҳимоят кардаем."

Суҳбати вижаи мо бо Крейг Мори дар бораи Тоҷикистон дар барномаҳои баъдӣ хоҳад омад.

Агар дар бораи ин матлаб назаре доред, лутфан бо мо дар миён бигзоред. Нишонии мо: tajik@rferl.org

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG