Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инҳилоли бахши Ҳизби Демукрот дар Бохтар


Як узви раёсати Ҳизби Демукроти Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар додааст, ки Аҳмадҷон Додарҷонов, раиси бахши ин ҳизб дар ноҳияи Бохтар аз мақомаш барканор ва аз суфуфи ин ҳизб ихроҷ шуда ва дар натиҷа бахши бохтарии ҳизб мунҳал шудааст.


Ба гуфтаи Саидраҳмон Назриев, узви раёсати Ҳизби Демукрот дар Хатлон, оқои Додарҷонов ба иттиҳоми нақзи муқаррароти ойиннома аз ҳизб ронда шудааст ва акнун сарнавишти Ҳизби Демукрот дар ноҳияи Бохтар норавшан аст.


Ин дар ҳолест, ки Аҳмадҷон Додарҷонов чанде пеш Ҳизби Демукроти ба сарпарастии Раҳматуллоҳ Валиевро ба каммасъулиятӣ муттаҳам карда ва гуфта буд, ки қасд дорад ба ҷиноҳи "Ватан"-и Масъуд Собиров бипайвандад.


Моҳи апрели гузашта Масъуд Собиров, як узви раёсати ҲДТ дар Душанбе бо баргузории як нишаст ҳамроҳи теъдоде аз аъзои ин ҳизб таъсиси ҷиноҳи «Ватан»-ро эълом дошта буд. Ӯ гуфта буд, ҳадаф аз таъсиси ҷиноҳ тақвияти фаъъолияти ҳизб будааст, ки бино ба гуфтаи оқои Собиров, тайи чанд соли ахир ғайримуассир буда ва суфуфи ҳизб коҳидаву ҳузури он дар ҷомеъа заъиф шудааст.


Аммо Раҳматуллоҳ Валиев, сарпарасти Ҳизби Демукрот, таъсиси ҷиноҳи "Ватан"-ро муғоир бо ойинномаи ҳизб медонад. Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки таъсиси ҷиноҳе тоза дар Ҳизби Демукрот талошест дар ростои тазъифи ин ҳизб дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон.

Носирҷони Маъмурзода, Қурғонтеппа
XS
SM
MD
LG