Пайвандҳои дастрасӣ

Суқути маргбори ҳавопаймои Русия


Бар асари суқути ҳавопаймои русӣ дар Укроин, бино ба гузоришҳо тамоми 170 сарнишини он ҷони худро аз даст додаанд. Пештар аз ин вазорати умури изтирории Русия гуфт, ки дар назди шаҳри Донетски Укроин, маҳалли ҳодиса ҷасади 30 нафарро пайдо кардаанд.


Ширкати ҳавопаймоии Пулковои Русия соҳиби ҳавопаймо гуфт, ки дар миёни мусофирон 45 кӯдак низ будааст. Иллатҳои дақиқи садамаро ҳанӯз нагуфтаанд, аммо як сухангӯи вазорати изтирории Укроин гуфт, халабонҳои ҳавопаймо ба маркази идораи парвозҳо хабар доданд, ки ҳангоми парвози ҳавопаймо дар баландии 10 ҳазор метр, дохили он оташ гирифтааст. Ин ҳавопаймо аз ҷануби Русия ба шаҳри Санкт Петербург парвоз мекард.
XS
SM
MD
LG