Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Душанбе 160 хонавода дар кӯча ба сар мебаранд


со

Шаҳрдории Душанбе талаби беш аз 160 хонавода ва ё 500 нафари беманзилмондаро ба таъмини ҷойи зист қонеъ нагардондааст. Ин мардум бо қарори додгоҳ аз манзили зисташон, бинои хобгоҳи умумӣ, ронда шуда, дар чодарҳо ба сар мебаранд.


Хобгоҳи мазкур дар кучаи Заводскаяи ноҳияи Синои пойтахт дар як музояда ба соҳибкор Диловаршоҳ Шарифов ба савдо рафтааст. Ин дар ҳолест,ки тибқи қонун шаҳрвандонеро, дар хобгоҳҳои умумӣ беш аз 10 сол зиндагӣ кардаанд, танҳо дар сурати таъмини онҳо бо ҷойи зист кӯчонидан мумкин аст.


Давлатмоҳ Сафарова, яке аз занони хонабардӯш гуфт, соҳибмулк, ба замми аз манзил рондани вай ва ҳамсояҳояш ҳамчунин пайваста онҳоро зери таъқибу фишор қарор медиҳад, ва мехоҳад онҳоро аз атрофи бинои хобгоҳ низ биронад.


Аммо соҳибмулк ва сармоядор, Диловаршоҳ Шарифов, мегӯяд: "Ин хона моли ман аст,ман онро харидаам. Бо хубӣ,ки аз хонаҳо набароянд,ман чӣ кор кунам, маҷбурам, ки ба зӯрӣ пеш кунам инҳоро."


Рондашудагон 10 рӯз қабл ба ҳукумати шаҳри Душанбе, раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии занҳо ва Додгоҳи олии кишвар шикоят бурдаанд, аммо то ба имрӯз ба онҳо посухи мушаххас нарасидааст.
XS
SM
MD
LG