Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаводаҳои хонабадӯш дар Душанбе


Сохтмони ин хобгоҳ дар кӯчаи Заводскаяи ноҳияи Синои пойтахт бино ба тасмими додгоҳ дар як музояда ба фурӯш рафтааст ва акнун 160 оила, ки беш аз 500 нафарро ташкил мекунанд, бесарпаноҳ мондаанд. Ин дар ҳолест, ки тибқи қонунҳои ҷории кишвар, шаҳрвандонеро, ки тибқи қонун дар хобгоҳ ё дигар манзилҳои умумӣ беш аз 10 сол зиндагӣ кардаанд, танҳо дар сурати пайдо кардани маҳалли иқомати дигар метавон аз манзилашон берун кард. Яке аз ин занони атрофи сохтмони хобгоҳ мегӯяд:

"Ман намедонам чӣ кор кунам, ба куҷо равам. Бачаҳоям панҷ рӯз аст,ки хӯроки гарм нахӯрдаанд. Як ҳоҷии ду бор ҳаҷкарда моро аз хонаҳоямон рондааст. Вай инсофу имон надорад. Ба замми моро бехона карданаш боз ҳақорат ҳам медиҳад. Одамонашро мефармояд, ки моро лату кӯб кунанд. Наход ки мо ба давлат лозим набошем, ки як бор омада аз ҳоли мо хабар намегиранд?"

Мусоҳиби дигари ман, ки худро Ганҷина муъаррифӣ кард, 9 сол дорад. Ганҷина мегӯяд, беш аз як ҳафта аст,ки бо модар ва панҷ хоҳару бардари хурдсолаш дар берун рӯйи замин мехобанд ва тайи ин рӯзҳо хуроку чойи гарм нахӯрдаанд. Ганҷина гуфт:

"Шабҳо калламушҳо ба болоямон медаванд, калтакалосҳо моро метарсонанд. Мо дигар хона надорем. Ҳоҷӣ хонаи моро гирифтааст. Ман барои рафтан ба мактаб омодагӣ надидаам, намедонам имсол ба мактаб меравам ё не."

Давлатмоҳ Сафарова, яке аз занони хонабардӯш дар суҳбат бо мо гуфт, соҳибмулк ба замми аз манзил рондани вай ва ҳамсояҳояш ҳамчунин пайваста онҳоро зери таъқибу фишор қарор медиҳад ва мехоҳад онҳоро аз атрофи бинои хобгоҳ низ биронад. Вай афзуд:

"Имшаб кӯдаки ҳамсоя чиррос зада гиря кард. Бо фонус дидем, ки калтакалос ба рӯяш часпидааст. Модараш аз тарс беҳуш шуд. Ҳоҷӣ барқро хомӯш кардааст, ҳоҷатхонаҳоро бастааст."

Аммо дар ҳамин ҳол, соҳибмулк ва сармоядор, Диловаршоҳ Шарифов пас аз сарпечиҳои тулонӣ аз суҳбат саранҷом гуфт:

"Ин хона моли ман аст. Ман онро харидаам. Ба хубӣ, ки аз хонаҳо набароянд, ман чӣ кор кунам? Маҷбурам, ки ба зӯрӣ пеш кунам инҳоро."

Ин дар ҳолест, ки шуморе аз ин хонаводаҳои бехонамонда дар ин хобгоҳ расман сабти ном шудаанд.

Бештари сокинони собиқи хобгоҳи умумии кӯчаи Заводскаяи ноҳияи Синои пойтахт хонаводаҳои фақиру ниёзманданд ва теъдоди зиёде аз онҳо бознишаста ва занҳои танҳо ҳастанд. Онҳо 10 рӯз пеш ба ниҳодҳои масъули давлатӣ, аз ҷумла шаҳрдории Душанбе, раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии занҳо ва Додгоҳи Олӣ, ҳамчунин ба чанд созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи башар шикоят кардаанд, аммо то кунун аз ҳеч кадом посухи мушаххасе дарёфт нашудааст ва маълум нест, ки ин мардуми хонабадӯш то чанд шабу рӯзи худро дар кӯчаву роҳравҳои атрофи хонаи собиқашон сипарӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG