Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони тоҷикро 'ғорат карданд'


Дар ҳоле ки хабаргузориҳо мегӯянд, ин ҳамла аз тарафи сарбозони ОМОН сурат гирифтааст, дафтари матбуоти умури дохилии Санкт-Петербург гуфт, ғоратгарон намояндагони полис набуда, аз сарулибоси кормандони полиси таъиноти махсус истифода кардаанд.


Вале ба гуфтаи муҳоҷирони тоҷик гурӯҳ аз 10 нафар иборат буда, аз рӯйи сарулибос, аслиҳа, ниқоб ва шеваи ҳамла ба полиси махсусро шабоҳати комил дошт. Ҳамлаварон бо дашном ва латукӯб ҳамаро ба фарш хобонда, пул, телефонҳои ҳамроҳ ва асноди муҳоҷиронро рабудаанд.


Ба гуфтаи муҳоҷирон гурӯҳи мусаллаҳи даҳнафара, агар ғоратгарони оддӣ мебуданд, наметавонистанд, бе мамониат ба хобгоҳи онҳо дар минтақаи марказии шаҳр ворид шаванд. Ҳамла дар ҳоле сурат мегирад, ки рӯзи 15-уми август як корманди ОМОН дар Санкт-Петербург ба зарби гулӯла кушта шуд.


Полиси Санкт-Петербург ҳамчунин хабар дод, ки дар ҳодисаи дигар бар асари ҳамлаи афроди номаълум як шаҳрванди Ӯзбакистон кушта ва як шаҳрванди Тоҷикистон захмӣ шудааст. Ин манбаъ дертар, хабарро тағйир дода, гуфтааст, шаҳрванди Ӯзбакистон ба гумони қатли як муҳоҷири тоҷик боздошт шудааст. Ҳамлаи полиси Русия ба муҳоҷирон ҳатто бо истифода аз сагҳои машқдида дар Русия як рӯйдоди оддӣ ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG