Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳунари хуб, вале беэътибор дар Тоҷикистон


Оқои Рустам, ки тӯли 40 сол коргузори ресторанҳо будааст, мегӯяд, барои пешхидмат шудан, ҷавонон ва масъулони тарабхонаҳо низ омӯзиши ин ҳунарро зарур намешуморанд ва аз ин аст, ки аксари пешхидматон оддитарин муқаррароти ин ҳунарро намедонанд. Ба қавли ӯ, масъулини аксари тарабхонаҳо имрӯз доир ба мизоҷ кам фикр мекунанд ва барои онҳо муҳим ба даст овардани фоидаи бештар аст.


Рустам Муродов меафзояд: "Мутахассисони хуби мо рафтанд, барномаҳои омӯзишии хуб нест."


Аз сӯи дигар касби пешхидмат дар ҷомеаи тоҷик чандон обрӯ надорад ва бисёриҳо аз пеша кардани ин ҳунар ибо мекунад. Волидайн биноба обрӯ надоштани ин машғулият розӣ нестанд, ки духтаронашон пешхидмат бошанд, зеро дар аксари тарабхонаҳо шарти асосии қабули пешхизматҳо аз ҳисоби духтарон, андому чеҳраи зебову ҷалбкунандаи онҳо будааст.

Набиҷон Юсуфов раҳбари тарабхонаи Тоҷикистон, ва таҷрибадори ин соҳа мегӯяд маҳз рафтору кори аксари пешхизматҳои имрӯз боиси он гаштааст, ки ҷомеа нисбати ин касб назари мухолиф доранд.

Вай меафзояд: "Шарт нест, пешхидмат зебо бошад, кофист ки ситорагарм бошад, бо мизоҷ бо меҳрубонӣ рафтор кунад. Агар ба хонаи шумо меҳмон ояд, аз рӯи дастурхони шумо ба маърифату дониши шумо баҳо дода метавонад. "


Дилшод, пас аз бекории тӯлонӣ ба тарабхонаи Мервэ ба кор омадааст. Ӯ мегӯяд тарзи кори пешхизматро дар ҳамин тарабхона омӯхтааст ва мегӯяд, ҳарчанд кӯшиш мекунад корашро хуб анҷом диҳад, аммо дар муносибат бо мизоҷон аксаран мукшилӣ мекашад.


Аммо Ҷамолиддин Ҳақназаров, ки донишҷӯи курси 5 Донишгоҳи Миллӣ аст ва дар баробари таҳсил дар як тарабхона кор мекунад, мегӯяд, аслан ин шуғлро аксраият бештар ба духтарон мувофиқ медонанд ва бинобарин бархе аз мизоҷон ӯро таҳқир мекунанд:


"Онҳо мегӯянд, ки ин кори духтарон аст, аммо мо саъй мекунем, бо онҳо бо нармӣ рафтор кунем. Аз ҳисоби ин кор аз 100 то 150 доллар дар як моҳ фоида мегирем."


Аммо Набиҷон Юсупов мегӯяд дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон сохтмони тарабхонаву меҳмонхонаҳои бузурги панҷситораӣ ва шумораи меҳмонону сармоягузорони хориҷӣ меафзояд, касби пешхидмат метавонад, чӣ барои писарон ва чӣ духтарон як имкони хуби даромад бошад ва беҳтар аз мардикориву муҳоҷирати сахти корӣ.
XS
SM
MD
LG