Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Форуми нави "Оби тоза"


Ҳарчанд бӯҳрони об солҳост, як мушкили марбут ба кишварҳои камбағал дониста мешавад, дар ин нишаст маълум шуд, ин бӯҳрон ахиран ба сарватмандтарин кишварҳо низ асар кардааст.
Дар ин анҷуман гуфта шуд, шеваи истеъмоли об дар Бритониё, ИМ, Ҷопон, Испониё, Чин, Ҳинд, Австралиё ва ғайра ҳолатҳои бӯҳрониро ба миён овардааст. Алии Саҷҷодӣ, журналисти эронитабор, мегӯяд, дар Исроил об на як бор, балки чандин бор истеъмол мешавад ва "ба дараҷаҳои гуногун. Агар ду дафъа тасфия шавад, барои ошомидани мардум ва агар як дафъа, пас барои истифода дар кишоварзӣ."
Дар Иёлоти Муттаҳида кӯшиш доранд, бо истифода аз фанновариҳои нав истифодаи обро коҳиш диҳанд ва дар Бритониё мехоҳанд, аз ҳама гуна ҳадар рафтани об пешгирӣ намоянд. Дар яке аз толорҳои анҷумани ҷаҳонии об аксе аз Осиёи Марказӣ овехта шудааст, ки манзараи вайронгаронаи селу ярчро нишон медиҳад. Мавҷи бузурги об аз соҳилҳо раҳо шуда, хонаву роҳ ва киштзорҳоро шустааст.
Бо вуҷуди гуногунии манзараҳо аз бахшҳои гуногуни ҷаҳон, Ҷемӣ Питток, мудири Барномаи ҷаҳонии оби тоза дар СММ мегӯяд, "сарвати иқтисодӣ маънии фаровонии обро надоштааст. Ва об чизе шудааст, ки бояд дар сартосари ҷаҳон дурусту оқилона истифода шавад. Камбуди об ва олудагии он ба масъалаҳои ҷаҳонӣ ва ҳалли онҳо ба масъулияти ҳама, ҳам давлатҳои сарватманд ва ҳам давлатҳои қашшоқ табдил ёфтаанд."
Аммо муовини вазири обёрӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон Камол Нуралиев мегӯяд, дар Тоҷикистон дар ин ришта мушкиле вуҷуд надорад: "Мо обро бисёр бо эҳтиёт истифода мекунем, зеро медонем, баъд аз мо боз Ӯзбакистон аст ва Туркманистон, ки аз ин об истифода мекунанд."
Тоҷикистон, ки ҳамроҳ бо Қирғизистон дар саргаҳи манобеъи оби Осиёи Марказӣ қарор доранд, дар 15 соли ахир мавриди эътирози кишварҳои поёноб қарор гирифтаанд. Ӯзбакистони ҳамсоя ҳатто интиқоли газро ба Тоҷикистон бо ҳаҷми обе, ки аз Тоҷикистон ба Ӯзбакистон ҷорӣ мешавад, бастагӣ додааст.
Аз мудири бахши минтақавии Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳроншиносӣ дар Осиёи Марказӣ, Майкл Ҳолл, пурсидам, оё дар истифодаи захираҳои об дар Тоҷикистон сарфаҷӯӣ бартарӣ дорад ва ё исроф? Гуфт: "То ҷое ки ман дидам, исроф бештар аз эҳтиёт аст. Махсусан бо сабаби якказироат боқӣ мондани пахта ва сиёсати обёрии заминҳои нав барои кишти пахта."
Вале бештар аз ин барномаҳои бунёди нирӯгоҳҳои нави барқи обӣ ноқаноатмандии кишварҳои поёноб, ба вижа Ӯзбакистонро ба маротиб афзойиш додааст. Аммо Камол Нуралиев, муовини вазири обёрӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯяд, сохтмони ин нирӯгоҳҳо ба тақсими об дар минтақа халал нахоҳад расонд: "Баракс, зиёд ҷамъ шудани об дар обанборҳо ба манфиати Ӯзбакистон низ хоҳад буд."
Майкл Ҳолл, мудири бахши минтақавии Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳроншиносӣ дар Осиёи Марказӣ ба ин андеша розӣ нест. Вай мегӯяд: "Дуруст аст, ки барои иқтисодиёти Тоҷикистон ин нирӯгоҳҳо аҳамияти ҷиддӣ доранд, вале аз тарафи дигар АГАР онҳо сохта шаванд, мумкин аст, дастрасии Ӯзбакистон ба обе, ки дар қаламрави Тоҷикистон аст, камтар шавад."
Ҷаноби Ҳолл дар ин гуфтаҳои худ аз вожаи "агар" истифода кард ва мегӯяд, ба он сабаб, ки то ҳол ҳамаи ин ваъдаҳо, махсусан аз тарафи сармоягузорони русӣ танҳо дар рӯйи коғаз вуҷуд доранд ва иқдоми воқеъие гузошта нашудааст.
Чи дар ин мавзӯъ ва чи куллан Майкл Ҳолл бар ин аст, ки об дар Осиёи Марказӣ як масъалаи сиёсӣ низ ҳаст ва бархӯрди ботавозуни ҳамаи кишварҳои минтақаро тақозо мекунад.
Дар гузориши вижаи Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳроншиносӣ, ки ду сол пеш нашр шудааст, аз давлатҳои Осиёи Марказӣ хоста мешуд, ки дар ҳифз, идора ва истифодаи захираҳои об, таъини квота ва ё саҳми дақиқи ҳар кишвари минтақа ва таъсиси гурӯҳҳои байнидавлатии тафтишу назорати фаромарзии истифодаи об, зарурати ба моли тиҷоратӣ ва дорои нарх табдил додани оби изофагӣ, табодули об бо манобеъи инержӣ сари мизи гуфтушунид биншинанд ва ҳамаи масъалаҳоро бо имзои созишномаҳо ҳал кунанд.
Аз Майкл Ҳолл, ки яке аз муаллифони ин гузориш аст, пурсидам, оё дар ду соли гузашта пешрафте дар ҳалли ин масъалаҳо ба миён омад? Вай гуфт: "Афсӯс, ба ҷойи пешрафт, мо шоҳиди афзоиши мушкилиҳо мебошем. Муносибатҳои сард ва ноҳамвори Тоҷикистону Ӯзбакистон ба ҳалли масъалаҳо мадад намекунад. Аз тарафи дигар Афғонистон низ ба саҳна омадааст ва мегӯяд, барои бардоштани иқтисодиёташ ба захираҳои бештари об ниёз дорад. Ба назар мерасад, масъала ҳарчи бештар мураккаб мешавад."
Ҳамин вазъияти рӯ ба печидагии Осиёи Марказӣ, дигар манотиқи дунё ва куллан роҳҳои пешгирӣ аз ҳама гуна низоъи марбут ба обу истифодаи барои ҳама судманди он дар яке аз семинарҳои Ҳафтаи ҷаҳонии об дар Стокҳолм баррасӣ хоҳад шуд. Аммо Ҳолл мегӯяд, ҳалли масъала дар Осиёи Марказӣ ба муносибатҳои неку дӯстонаи кишварҳои минтақа бастагӣ дорад, то ба баррасӣ дар форумҳои бонуфузи ҷаҳонӣ.
XS
SM
MD
LG