Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

160 000 имзо ва дар 20 рӯз. Зӯри кӣ мерасад?


Дар ростои эълом шудани таърихи шурӯъи маъракаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ба назар мерасад, ки номзадҳои аслии аҳзоби мухолиф дар муқобили номзади ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон аз имкони ширкат дар интихобот маҳрум хоҳанд шуд. Зеро намояндагони аҳзоби мухолифи ҳукумат мутмаин нестанд, ки дар тӯли 20 рӯзе, ки Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ барои ҷаъмоварии имзоҳо муқаррар мекунад, онҳо тавонанд 160 ҳазор имзои лозим ба пуштибонӣ аз номзади худро ҷамъ биёваранд. Ва ин дар ҳолест, ки масъулияти муқаррар намудани мӯҳлати ҷамъоварии имзоҳо барои пешниҳоди номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ бар ӯҳда дорад ва то кунун қарори худ дар ин мавридро ба тасвиб нарасонидааст.

Муҳибулло Додоҷонов, раиси дастгоҳи Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, тарҳи ин қарор омодаи ба тасвиб расидан аст: "Таври маълум, дар атрофии ҷамъоварии имзо баҳсҳо зиёданд, зеро бояд ҳар номзад ҳудуди 160 000 имзо ҷамъоварӣ кунад. Ман фикр мекунам, ки агар номзадҳо кӯшиш дошта бошанд, барои ҷамъоварии имзо ин мӯҳлат муайян ва кофӣ аст."

Дар ҳамин ҳол, Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҳизби сотсиал -демократии Тоҷикистон гуфт, мушкили аслии ҷамъоварии имзо ҷиҳати пешниҳоди номзад ба интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон на мӯҳлат, балки саддгузории мақомоти маҳаллӣ дар ин маврид мебошад: "Албатта, асноди ҷамъоварии имзо аз сӯи мақомоти ҳукуматҳои маҳаллӣ тасдиқ карда мешаванд ва онҳо маълум аст, ки барои номзадҳои аҳзоби мухолиф мушкил эҷод мекунад. Онҳо ба ҳар баҳона кӯшиш мекунанд дар ин муддат онҳо ин аснодро тасдиқ накунанд, масалан, ё худро бемор мекунанд, ё бо дигар сабабе дар ҷои кор ҳозир намешаванд."

Оқои Ҳакимов ба ҳайси мушкили дигар дар ин маврид узви ҳизби ҳокими халқӣ демократии Тоҷикистон будани ағлаби масъулини мақомоти ҳукуматҳои маҳаллиро ном бурд. Ва дар ҳамин ҳол афзуд, мутмаин аст, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати демократӣ муаррифӣ кардани интихобот номзадҳои рақиб ба номзади ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон пайдо хоҳанд шуд ва онҳо ҳатто бо кӯмак ва пуштибонии ҳукумат теъдоди зарурии имзои раъйдиҳандагонро ҷамъ хоҳанд овард. Аммо оқои Ҳакимов мегӯяд, дар асл ин номзадҳо дар интихобот бо номзади ҳизби ҳоким рақобати ҷиддӣ нахоҳанд дошт.

Вале ин дар ҳолест, ки Мӯсо Асозода, раҳбари дастгоҳи ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон мегӯяд, номзади ҳизби халқӣ - демократии Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳур рӯзи чаҳоршанбеи 23 сентябр, дар анҷумани ҳизб муайян ва пешбарӣ хоҳад шуд ва гуфт, бовар дорад, ки ҷиҳати ҷамъоварии имзои интихобкунандагон ба ин номзад ҳеҷ мушкиле пеш нахоҳад омад: "Зеро теъдоди аъзои ҳизби мо 105 ҳазор нафар аст ва манн бовар дорам барои номзади мо ин теъдод имзо ҷамъ кардан ҳеҷ мушкил нахоҳад дошт."

Дар ҳамин ҳол, Раҳматулло Валиев, муовини раиси ҳизби демократи Тоҷикистон ба шеваи ҷамъоварӣ ва мӯҳлати ин маърака эътироз дорад ва мегӯяд дар пешниҳодоти худ ба Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар ин мушкилро мо тазаккур додем, вале аз сӯи ин комссиюн сарфи назар шуд: "Мо пешниҳод кардем, ки механизми ҷамъоварии имзо тағйирро тағйир дода ва бар ӯҳдаи кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ гузошта шавад."

Аммо оқои Валиев афзуд, дар сурати аз сӯи ҳизби демократ пешниҳод шудани номзад ба интихоботи раёсати ҷумҳур, ҳарчанд хеле сангин аст, вале кӯшиш бар он мекунем, ки теъдоди ин имзоҳо барои номзади худро ҷамъоварӣ ва барои рақобат дар интихоботи раёсати ҷумҳур сабти ном кунем.
XS
SM
MD
LG