Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омодагии ADB барои кӯмак дар соҳилбандии рӯди Панҷ


Дафтари Бонки осиёии рушд(ADB) дар Тоҷикистон гуфтааст, масъалаи тахсиси 3 миллион доллар қарзи боимтиёз ба давлати Тоҷикистон ба хотири анҷоми барномаҳои таҳкимбандии соҳилҳои дарёи Панҷро ба баррасӣ гирифтааст. Ин пешниҳод дар ҷараёни сафари ахири ноиби раиси Бонки осиёии рушд Ликун Ҷин аз сӯи мақомоти Душанбе ироа шуда буд. Қарор аст, бар пояи ин маблағ соҳилбандии рӯдхонаи Панҷ дар минтақаи Чубеки ноҳияи Ҳамадонӣ ва ҳамчунин тармими канали Деҳқононод анҷом дода шавад.

Феълан ҷонибҳо ба таҳияи санадҳои лозим ва ҷузъиёти барномаи татбиқи қарзи мазкур машғул будаанд. Ношири ин хабар, ожонсии "Авасто" менависад, Бонки осиёии рушд то кунун барномаҳои соҳилбандии рӯдхонаи Панҷро ба маблағи 6,7 миллион доллар кӯмак кардааст. Аз соли 1998 ба ин сӯ, Бонки Осиёӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба маблағи тақрибан 300 миллион доллар вомҳои боимтиёз ва кӯмакҳои фанниву ёриҳои билоиваз расондааст.
XS
SM
MD
LG