Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мадонна ва чалипо


Бо вуҷуди эътирозҳои фазоянда аз сӯи калисои масеҳӣ ва эҳтимоли мавриди пайгарди мақомоти додситонии Олмон қарор гирифтанаш овозхони маъруфи мусиқии попи Амрико Мадонна ба сафари ҳунарии ҷаҳонии худ идома доданист. Мӯҷиби интиқодҳои рӯҳониён истифодаи Мадонна аз як саҳнаи монанд ба саҳнаи таслиби Исои Масеҳ ҳангоми иҷрои таронаи "Live to Tell" будааст.

Додситонии шаҳри Дюсселдорфи Олмон гуфта, ки шояд бар асоси навиштаҳои матбуот, алайҳи Мадонна бо иттиҳоми тавҳин ба арзишҳои мазҳабӣ парвандаи ҷиноӣ боз кунад. Марго Каесман, як асқафи калисои протестантии Олмон аз дӯстдорони мусиқӣ даъват кардааст, консертҳои Маддонаро бойкот кунанд. Марго Каесман гуфта, ки ситораҳо имрӯз фурӯзон ва рӯзе баъд нопадид мешаванд, вале дини масеҳӣ абадист.

Аммо Мадонна бо ин вуҷуд консерти худро дар Дюсселдорф барпо карда ва Лиз Розенберг, як сухангӯи ин овозхони амрикоӣ дар Ню-Йорк ба хабарнигорон гуфтааст, фикр намекунад, ки истифодаи Мадонна аз саҳнаи таслиб тавҳин ва ё беэҳтиромӣ ба дини масеҳӣ бошад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан калисои католикии Рум ҳам истифодаи саҳнаи таслиб дар консертҳои Мадоннаро ба боди интиқод кашида ва калисои православии Русия ҳам аз пайравонаш даъват кардаааст, ки консерти моҳи сентябри ин овозхон дар Маскавро бойкот кунанд.

Ин консерт, ки қарор аст, рӯзи 11 сентябр дар Воробёви гори барпо шавад, нахустин ҳунарнамоии Мадонна дар Русия хоҳад буд. Сафари ҷаҳонии Мадонна, ки моҳи май аз консерташ дар Лос-Анҷелес оғоз ёфт, то кунун бузургтарин шаҳрҳои Амрикову Аврупоро фаро гирифта, ба ҷайби овозхон 55 миллион доллар фоида овардааст. Консерти Мадонна дар Маскав "Confessions" ном дошта, Мадонна танҳо барои саҳнасозиаш 200 тонна лавозимоти мухталиф, аз ҷумла ҳамон чалипои пурсарусадоро бояд вориди Русия кунад. Фақат барои ҳамлу нақли ин миқдор лавозимоти саҳнавӣ 57 мошинро киро гирифтаанд. Вале дар арафаи баргузории консерти Мадонна дар Маскав, таҳдидҳое дар бораи эҳтимоли рабудани Мадонна ва ё фарзандонаш Рокко ва Лурдес баланд шудаанд.
Дар соли 2004 Мадонна ба ҳамин далел се консерташ дар Исроилро лағв карда буд. Аммо ҷондорони Мадонна ин бор гуфтаанд, табодири амниятӣ ба хотири ҳифзи овозхон ва аҳли хонаводаи ӯро дар Маскав шадидтар хоҳанд кард, вале он чӣ яқин аст, ин аст, ки консерти Мадонна дар Маскав ҳатман баргузор хоҳад шуд.

Достони Мадонна монандиҳое бо қазияи овозхони тоҷик Парвина Шукрулоева медиҳад, ки дар соли гузашта ба маҳзи либоси нимаурёни аврупоӣ ба бар карданаш ҳангоми иҷрои як таронаи инглисӣ дар бораи паёмбари Ислом мавриди накӯҳиши матбуот ва рӯҳониёни тоҷик қарор гирифта буд.
XS
SM
MD
LG