Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Душанбе Ҷоми раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд


Рӯзи 21 август дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байнулмилалӣ дар риштаи теннис барои дарёфти Ҷоми раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон байни наврасон оғоз шуд.
Дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ, ки барои дуввумин бор баргузор мешавад, 50 нафар беҳтарин теннисбозони навраси то 13-сола аз шаш кишвари Осиёи Марказӣ - Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон ширкат доранд. Наргис Набиева, муовини раиси Кумитаи тарбияти бадан ва варзиши Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, миёни ширкаткунандагони рақобатҳо, минҷумла аввалин барандагони Ҷоми раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рақобатҳои инфиродӣ Санҷар Файзиев ва Сабина Шарифова, ҳарду аз Узбакистон ҳастанд. Хонум Набиева афзуд: «Барандагони Ҷоми раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рақобатҳои инфиродӣ бо мукофотпулӣ ба маблағи як ҳазор доллар сарфароз мешаванд. Барои мақоми дуввум 800 доллар ва барои мақоми севвум 600 доллар супурда хоҳад шуд. Онҳое, ки дар рақобатҳои ҷуфтӣ пирӯзӣ ба даст меоранд, соҳиби 800 доллар мешаванд. Теннисбозони мақоми дуввуму севвумро ишғолкарда мутаносибан 600 ва 400 доллар мегиранд. Тоҷикистон ҳамчун мизбон дар ин мусобиқа бо ду даста ширкат кардааст. Дар ҳайати тими аввали кишвар беҳтарин теннисбозони навраси тоҷик, ба мисли Орой Махтумова, ғолиби сабқати ҷуфти занона, Аҳмадҷони Муҳаммад, барандаи ҷоизаи дуввуми рақобатҳои инфиродӣ байни писарон, Бахтиёр Саъдуллоев, Таҳмина Бурҳонова ва Азиза Азизова, барандагони ҷоизаҳои севвуми мусобиқаи соли гузашта ҳунарнамоӣ мекунанд.»
Дуввумин давраи мусобиқаи байнулмилалии теннисбозони наврас барои дарёфти Ҷоми раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон то рӯзи шанбеи 26 август идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG