Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рубеж-2006" рӯзи 24 август шурӯъ мешавад


Рӯзи 24 август дар як машқгоҳи низомии воқеъ дар 30-километрии шаҳри бандарии Оқтави Қазоқистон ва дар обҳои дарёи Хазар машқҳои муштараки нирӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ таҳти унвони "Рубеж-2006" шурӯъ мешаванд. Ин машқҳо то рӯзи 29 август давом хоҳанд кард.

Дар ҷараёни машқҳои "Рубеж-2006" воҳидҳои низомии кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ тавони муқобила бо гурӯҳҳои террористиро тамрин хоҳанд кард. Ба навиштаи матбуоти Русия, воҳидҳои низомии Русия ва Тоҷикистону Қирғизистон алакай ба Оқтав расидаанд. Қарор аст, ин тамринҳои низомӣ дар маҷмӯъ ҳудуди 2 500 сарбоз, 60 зиреҳпӯш, 50 тӯпхона, 35 ҳавопаймои ҷангии Русияву Қазоқистон ва чандин киштии ҷангии марбут ба артишҳои дарёи ин ду кишварро фаро бигирад.

Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар маҷмӯъ 7 кишвар - Русия, Беларус, Тоҷикистон, Арманистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистонро дар бар мегирад. Узбакистон дар таърихи 16 августи соли ҷорӣ ба узвияти ин паймони амниятиву низомӣ пайвастааст.
XS
SM
MD
LG