Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъияти осори торихӣ дар Ховари Миёна пас аз ҷанг


Маҷаллаи Фарҳангу Андешаи Озодӣ рӯзи 17 август дар ин бора гуфтугӯе дошт бо Франсуа Ривиер, дастёри раиси кулли ЮНЕСКО дар умури фарҳангӣ дар Порис ва нахуст ҷӯёи аҳволи осори торихии минтақа пас аз ҷанги миёни Исроил ва Ҳизбуллоҳи Лубнон шуд:

Ривиер: Мо дар ин бораи иттилоъоти мустақим дарёфт накардем. Мо аз тариқи дафтари ЮНЕСКО дар Бейрут ин мавзӯъро пайгирӣ кардем, вале авзоъ ба андозае норавшан буд, ки мо натавонистем иттилоъи мустақим дарёфт кунем. Иттилоъи мо ҳам мубтанӣ ба матолибест, ки дар рӯзномаҳо мунташир мешавад. Масалан, субҳи имрӯз як рӯзномаи лубнонӣ хабар дод, ки ҳич як аз маконҳои торихии маъруфе, ба вижа дар шаҳрҳои Сур ва Баълбак дар ҷануби Лубнон осеб надидааст. Агар воқеъан ин тавр аст, ин мояи хушбахтист. Худи ман ба мақомоти исроилӣ нома навиштам ва бо сафири Исроил дар ЮНЕСКО дидор доштам ва аз онҳо хостам, ки муқаррароти паймони ҳифзи мероси фарҳангӣ дар давраи ҷангро дар хотир дошта бошанд. Масалан, дар давраи ҷанг метавон маконҳои торихиро бо парчамҳои вижае мушаххас кард, то ононе, ки бумб меандозанд, аз ҳамла ба он маҳалҳо худдорӣ кунанд. Аммо вақте шумо дар ҳолати ҷанги тамомъайёр қарор доред, интихоби маҳалли ҳамла баъзан мушкил аст. Мо барои ҳифзи ин маҳалҳо ҳамаи корҳои лозимро анҷом додем, вале наметавон замонат дод, ки ҳамаи он маҳалҳо ҳифз хоҳад шуд.

Пурсиш: Дар бораи маҳалҳои торихии минтақа, ки суҳбат мешавад, бештар манзури хелеҳо шаҳри Сур (Tyre) аст, ки аз шаҳрҳои бостонӣ ва торихии минтақа аст. Мешавад дар бораи дигар амокини торихӣ ва фарҳангии минтақа ҳам суҳбат кунед?

Ривиер: Шумо ҳатман медонед, ки феҳресте вуҷуд дорад мавсум ба феҳрести мероси ҷаҳон. Ин феҳрест шомили барҷастатарин осори торихист. Панҷ минтақаи Лубнон низ дар миёни онҳо ҳаст. Шаҳри Сур дар ҷануби Лубнон ва минтақаи маъруфи Баълбак аз ҷумлаи онҳост. Шумори зиёде аз чирикҳои Ҳизбуллоҳ дар Баълбак мустақар буданд ва Исроил ин минтақаро борҳо бумбборон кард. Дар ҷануби Баълбак минтақаи дигари торихие ҳаст ба номи Анҷор. Ҳамчунин дар шимоли Лубнон шаҳре ҳаст зери номи Библос, дар минтақаи масеҳинишини Лубнон. Дар ҷануби Баълбак водии Биқъа воқеъ аст, ки зоҳиран дар ин ҷанг осеб надидааст. Ва саранҷом водии Хадиҷа, ки маҳалли зоиши кеши масеҳият аст ва ҳамин ҳоло ҳам хонақоҳҳои зиёде дар он ҷо боқист.

Пурсиш: Ҳамон тавре ки худатон ҳам мегӯед, иттилоъи шумо мубтанӣ бар навиштаҳои рӯзномаҳост. Вале оё қасд надоред ба минтақа ҳайъате бифиристед, то вазъияти осори торихию фарҳангии минтақа аз наздик баррасӣ шавад?

Ривиер: Бале, қасд дорем. То кунун фиристодани касе ба минтақа номумкин буд. Ҳоло мо омодаем ин корро бикунем. Мо фардо бо дабири кулли ЮНЕСКО дидор дорем ва ман феҳрести номҳои ашхосеро тартиб додаам, ки метавонанд дар таркиби ин ҳайъат бошанд. Агар вазъияти минтақа хуб бошад, мо ин ҳайъатро хоҳем фиристод. Ман бо сафири Лубнон дар ЮНЕСКО ҳам дидор доштам ва ӯ ҳам бо ин пешниҳод мувофиқ аст. Тайи ин маъмурият вазъияти осори торихӣ ва ҳамчунин ниҳодҳои фарҳангие ба монанди теотру синемо баррасӣ хоҳад шуд, то бибинем, ки чи чизҳое осеб дидааст ва чи гуна метавон он осебро бартараф кард. Барои ин кор, албатта, мо ба пул ниёз хоҳем дошт ва ба эҳтимоли зиёд, аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ дархости кумак хоҳем кард.

Пурсиш: Вале тайи муноқишаи низомии ахир шимоли Исроил ҳам мавриди ҳамла воқеъ шуд. Оё дар он минтақа ҳам осори торихию фарҳангии боарзише вуҷуд дорад?

Ривиер: Бале, яке аз маҳалҳои торихии муҳим дар Исроил воқеъ аст. Шаҳри бостонии Ако. Ҳушдори созмони ЮНЕСКО марбут ба осори он ҷо ҳам мешуд. Дар ин маврид мо бо мақомоти исроилӣ тамос доштем. Бо Ҳизбуллоҳ на, албатта. Чун Ҳизбуллоҳ бо ЮНЕСКО тамосе надорад. Аммо бо мақомоти лубнонӣ ҳам дар ин бора гуфтугузоре доштем ва аз ҳар ду тараф хостем, ки ба ҳар қимате, ки шуда, аз ин маҳалҳо муроқибат кунанд.

Пурсиш: Вале агар ин маҳалҳо, воқеъан, осеб дидаанд, шумо салоҳияти онро доред, ки аз тарафҳои даргир, яъне Исроил ва Ҳизбуллоҳи Лубнон бихоҳед, ки ғаромати вайрониҳоро бипардозанд?

Ривиер: Маъмулан мо ин корро намекунем. Ба унвони як амали боздоранда мо аз тарафҳо мехоҳем, ки мувозиби маҳалҳои торихӣ бошанд. Ва сипас мо аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ мехоҳем, ки довталабона дар рафъи вайрониҳо саҳм бигиранд. Мо касеро маҷбур ба пардохти ҳазинаи харобиҳо намекунем, вагарна дар чунин сурате ҳич роҳи бурунрафте аз ин масъала пайдо нахоҳад шуд. Беҳтар аст воқеъгаро бошем.
XS
SM
MD
LG