Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишварҳои араб тарҳи кумак ба Лубнонро мерезанд


Вазирони хориҷаи Ҷомеъаи кишварҳои араб дар Қоҳира, пойтахти Миср як нишасти изтирорӣ созмон додаанд, то масоили таъмини молии бозсозии мантиқи ҷангзадаи Лубнон ва танишзудоӣ дар Ховари Миёнаро баррасӣ кунанд.


Давлати Кувейт мегӯяд, ки қасд дорад ба Лубнон 800 милюн дулор кумак ихтисос диҳад. Арабистони Саъудӣ гуфт, ки то кунун ба Лубнон 500 милюн дулор бахшидааст. Дигар кишварҳои нафтхези араб низ ваъдаи кумак додаанд.


Диплумотҳо мегӯянд, ки кишварҳои араб мехоҳанд дар муқобили пуле, ки гумон меравад Ирон - як кишвари ғайриъараб - барои тарҳҳои бозсозӣ ба Ҳизбуллоҳ медиҳад, кумакҳои худашонро ба Лубнон бидиҳанд.


Баровард мешавад, ки тайи муноқишаи низомии ахир ҳудуди 15 000 манзили маскунӣ ва 140 пул дар Лубнон зери бумбборонҳои Исроил вайрон шудааст.


Аҳмад ибни Ҳилла, муъовини дабири кулли Ҷомеъаи Араб гуфт, ки вазирони хориҷаи кишварҳои узви ин ҷомеъа барномаи иҷоди як бунёди вижаи ин созмон барои бозсозии Лубнонро низ баррасӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG