Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба зоирони шиъа дар Бағдод


Мақомоти Ироқ мегӯянд, ки ҳамалот алайҳи зоирони мусалмон дар Бағдод дастикам 17 кушта ва беш аз 200 захмӣ ба ҷо гузоштааст.


Дар ҷараёни маросими мазҳабии аҳли ташайюъ, ки таҳти тадобири амниятии бесобиқае анҷом мешавад, ҳамалоте аз тирандоз ва бо бумб сурат гирифтааст. Пулис мегӯяд, ки шуморе аз тирандозонро ҳадаф қарор додаанд, ки аз рӯи боми сохтмонҳои атроф ба мардум гулула шиллик мекарданд.


Зоирони шиъа барои бузургдошти Имом Мусо Козим, аз қиддисони шиъаҳо дар садаи ҳашт гирдиҳам омадаанд. Пайкари Имом Мусо Козим дар маъбаде дар ноҳияи Козимия воқеъ дар шимоли Бағдод мадфун аст.


Як сол пеш дар маросими мушобеҳе миёни зоирони шиъа шоеъае печид, ки як бумбгузори интиҳорӣ миёни онҳост. Дар натиҷа такопӯе бапо шуд ва ҳудуди як ҳазор зоир дар роҳи расидан ба маъбади Имом Мусо Козим ҷон доданд.
XS
SM
MD
LG