Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фикри сармо дар гармо


Абдулқайюми Қайюмзод Шаҳрдории Душанбе ҷиҳати рафъи мушкилоти ношӣ аз камбуди барқу гоз ва таъмини аҳолӣ бо гармӣ дар мавсими зимистон ба сокинони пойтахт ҳушдор додааст, ки аз ҳоло ба захираи ҳезум ва ангиштсанг биандешанд.

Шавкат Саидов - сухангӯи шаҳрдории Душанбе таъйид кард, ки тибқи як қарори раиси шаҳр ниҳодҳои зирабти пойтахт, руасои навоҳӣ ва масъулони маҳаллот муваззаф шудаанд, ки аҳолиро аз ин тасмими мақомот саривақт огаҳ кунанд ва бад-ин манзур гурӯҳҳои корӣ низ созмон ёфтааст.

Оқои Саидов афзуд, ки қарор аст Ситоди вижаи зимистонгузаронӣ ва Идораи савдои ҳукумати шаҳр дар сатҳи пойтахт фурӯшгоҳҳои ҳезум ва зуғолсанг роҳ андозанд.

Тасмими мақомоти Душанбе ҷиҳати огоҳии мардум аз эҳтимоли пеш омадани мушкилот дар фасли зимистон дар ҳоле иттихоз мешавад, ки вазорати энержии кишвар аз мавонеъи мавҷуд дар роҳи дастрасии аҳолӣ ба зуғолсанг ва ҳезум изҳори нигаронӣ мекунад.Тибқи иттиллоъи ин вазоратхона, он барои баҳрабардорӣ аз конҳои ангишти маҳаллӣ маблағи кофӣ дар ихтиёр надорад ва аз сӯи дигар қимати имрӯзи тавлиди зуғолсанг мақрун ба сарфа нест (хароҷоти онро намепӯшонад). Аммо дар сурати боло бурдани нархи ангиштсанг аҳолӣ имкони харидории онро аз даст медиҳад.

Бо вуҷуди ин, Абдулло Ёров - вазири энержии Тоҷикистон коҳиши панҷоҳдарсадии мизони оби рӯдхонаҳои умдаи кишвар, аз ҷумла рӯди Вахш дар соли ҷориро як далели бурузи дубораи ин мушкил медонад.

Дар ҳамин ҳол як сокини пойтахт бо ибрози шигифтӣ гуфт, ки ҳукумати кишвар натавонистааст тайи понздаҳ соли истиқлол ҳатто масоили ибтидоии рӯзгори мардумро ҳал кунад.

Ва аммо Шавкат Саидов - сухангӯи шаҳрдории Душанбе шоеъот дар бораи ҷирабандӣ (тақсими реҷаӣ)-и нирӯи барқ дар пойтахтро рад кард. Вай афзуд, ки барои таъмини сокинони осмонхарошҳо (манозили чандтабақа) бо гармӣ дар фасли зимистон шаҳрдорӣ усули нави истифода аз пойгоҳҳои гармизоро ба кор хоҳад бурд.
XS
SM
MD
LG