Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаи мо кай рӯшан хоҳад шуд?


Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Назароте, ки ҳовии тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизе ҳаст ё беш аз андоза дароз аст, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳад шуд. Зимнан, ҳич назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.

Хонаи мо он вақт равшан мешавад, ки раиси давлати мо маконашро тарк кунад ва дар макони вай ягон шахсе шавад, ки ғами халқу миллатро хурад.
Ваҳдат
--------------------------------------------------

Бигӯед, чигуна дар ошёнаи нуҳум ҳезум ёбаму гарм шавам, хурок пазам, хоб равам, агар қувваи барқ набошад?
Аҷиб ин аст, ки мардум ҳама гуна таҳқирро мисли ин оромона қабул мекунанд? Куҷо шуд Роғуну Норак, Бойғозиву Сангтӯда? Дар кишвари кӯчак 10-то нирӯгоҳи обӣ ҳаст, лекин барқ намерасад.
Манучеҳр
--------------------------------------------------

Дуруд. Вақте ки ақаллан шаҳрдорӣ наметавонад мардуми худро бо гозу барқ таъмин кунад, беҳтараш курсиҳоро холӣ кунад, то дигар метавонистагиҳо кори худро пеш баранд. Ана, аз ҳамин маълум мешавад, ки мо ҳанӯз қадаме пеш нарафтаем. Дигар пас аз ин ба гапу воҳимаҳои намояндагони давлатӣ касе бовар намекунад. Биёед, аз навиштани ману Шумо манфиъати кам аст, чунки намояндаҳои давлатӣ, аз ҷумла шаҳрдорӣ тамоман ба гапи мо аҳамият намедиҳанд. Аз ин ру, ман ба ҳезумчинӣ меравам, Шумо чӣ?
Ғариби Деҳотии бинни Шаҳрӣ
--------------------------------------------------

То замоне ки дар сари қудрат Раҳмонов ҳаст, мушкилоти барқу гозу обу ҳаворо орзу макунед, душанбегиҳои азиз!
Раҳим
--------------------------------------------------

Салом ба ҳама. Дар воқеъ, ҳангоме ки баҳс сари масъалаи барқ дар Тоҷикистон пеш меояд, як гуфтаи халқ ба хотирам меояд: "ёр дар хонаву мо гирди ҷаҳон мегардем." Охир, худованд Тоҷикистони азизро табиъатан дорои чунин неъмате кардааст, ки мардуми худашро бо барқ таъмин кунад ва барқи тоҷикро низ ба бозори ҷаҳонӣ бароварад. Аз ин аҷибтар он аст, ки ҳукумати кунунии мо бо дигар кишварҳои Осиё ба шумули Покистон дар мавриди фцрӯши барқи тоҷик бо нархи бисёр поин поймон ақд мекунад. Дар ҳоле ки Покистон бо нуфуси 160 милюннафара ва бо камбуди об тавонистааст дурдасттарин деҳи худро бо гозу барқ таъмин кунад, аммо кишвари мо бо доштани нуфуси кам ва дарёҳову кӯлҳои бениҳоят зиёд наметавонад пойтахти кишварамонро бо барқ таъмин кунад. Сад афсӯс, "оби ҷӯи пеши хона қадр надорад."
Салмони Форсӣ
--------------------------------------------------

Ин изҳороти шаҳрдории Душанберо метавон инчунин хонд: "Ман қудрати кору хидматро надорам."
Ҳидоят
--------------------------------------------------

Бо салом хидмати шумо. Мехостам дар бораи ин ки хонаи мо кай равшан мешавад, баҳс кунам.
1. Аввал ин ки мо худ чанд-то манобеъи барқ дорем ва ниёзе ба касе надорем, вале намедонам чаро масъулони мо ин барқро дар ихтиёри ин миллати бечора қарор намедиҳанд!
2. Ин қадар барқи миллат ба куҷо меравад? Дар сурати имкон ба миллати тоҷик ҷавоб диҳанд масъулони марбута.
Аз раисиҷумҳурамон муҳтарам Эмомали Шарипович Раҳмонов хоҳиши мо ин аст, ки нисбат ба ин қазия хеле ҷиддӣ бошанд, то савоби ин миллати мазлумро барои худ касб кунанд.
salitniy
--------------------------------------------------

Дуруд. Ин мушкили кӯчак замоне роҳи ҳалли худашро пайдо мекунад, ки ин шаҳрдорӣ ва ҳомиёнаш аз сари қудрат бираванд.
Мухлиси шумо
--------------------------------------------------

Салом. Муроҷеъати ахири шаҳрдории Душанбе ба шаҳрвандон бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷумҳурӣ ба як буҳрони амиқи иқтисодӣ, сиёсӣ,фарҳангӣ гирифтор аст. Баромадан аз ин буҳрон ба тезӣ ва ба осонӣ номумкин аст.
Маҳмадраҳим
--------------------------------------------------

Бо салом. Ягона роҳи ҳаллу фасли ин ё дигар мушкилҳо, ин бадар рафтани на танҳо сарварони Душанбешаҳр, балки сарварони давлат аст! Дар тамоми деҳоти Тоҷикистон ба хотири ҳезум ҳамаи кӯҳҳову талу теппаҳо харобу урёнанд ва ҳоло навбат ба шаҳрҳо... Ҳама ба пеш, мо рӯй ба сохти ибтидоӣ. Ман наметавонам тасаввур бикунам, ки сокинони бузургшаҳр ангишт ва ҳезум истифода бикунанд. Ин бисёр ҳузновар аст.
Далер
XS
SM
MD
LG