Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Намоиши "Шабҳои тоҷикӣ" дар Нйю Йорк


Рӯзи ҷумъа дар шаҳри Нюй Йорк намоишномаи "Ошиқӣ бо террурист. Шабҳои Тоҷикӣ" маротибаи сеюм ба намоиш гузошта шуд. Достони ин намоишнома, ин аст, ки гӯё ба сафорати Амрико дар Душанбе террористон ҳамла мекунанд ва раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида барои озод кардани он меояд ва дар ниҳоят ба як террористи ҳамҷинсбози тоҷик дил мебандад.


Яке аз муаллифони драммаи мазкур Нигин Фарсод, бонуи иронитабори амрикоӣ гуфт, манзур ин нест, ки Тоҷикистонро як кишвари пур аз террурист нишон бидиҳем:


"Мо мехоҳем, ба бинандаҳо бигӯем, ки мо дар Амрико фикр мекунем, ки ҳама дар он тарафи дунё террурист ҳастанд, нодуруст аст. Муҳим нест, Тоҷикистон, Қирғизистон ё Озарбойҷон, зеро омрикоиҳо намефаҳманд ва ҳарчӣ мусулмон дар он тарафи дунё ҳаст, омрикоиҳо аз онҳо метарсанд. Мо дар ин намоиш мехоҳем, бигӯем, ки бубин, шумо фикр мекунед, ки он одам террурист ҳаст, аммо дар худи намоиш дар охир мебинед, ки он одам террурист нест. Ончӣ, ки мо ҳамеша мегӯем, онҳо террурист ҳастанд, онҳо дар охир террурист нестанд. Онҳо барои кишвари худашон саъй мекунанд ва ба сулҳ эътиқод доранд."

Мусоҳибаи комил бо Нигин Фарсод
XS
SM
MD
LG