Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Созмони Милал аз кишварҳои Урупо


Созмони Миллали Муттаҳид аз кишварҳои урупоӣ хост, ки барои тақвияти нирӯҳои посдори сулҳи ин созмон дар ҷануби Лубнон нирӯҳои бештар бифристанд. Марк Маллок Браун - муъовини дабири кулли Созмони Милал гуфт, онҳо мехоҳанд, нирӯеро аз ҷумлаи сарбозони кишварҳои урупоӣ ва кишварҳои мусалмон шакл диҳанд, то қобили қабули ҳам Лубнон ва ҳам Исроил бошад.


Вай рӯзи одина, 18 август гуфт: "Шумо мехоҳад нирӯе бошад, мутташаккил, ки ҳарду ҷониб онро бипазиранд. Мо дар бораи ҳамин гуна нирӯ гуфтугӯ дорем, як навъ нирӯи иборат аз сарбозони кишварҳои урупоӣ ва мусалмон. Масъалаи тавозунро бояд мадди назар дошта бошем."


Маллок Браун ваъдаи Итолиё ва Финлонд барои фиристодани нирӯро ба хушӣ пазируфт. Непол ва кишварҳои мусалмонниниши Индонезӣ, Молезӣ ва Банглодеш низ аҳд кардаанд, ки сарбоз бифиристанд. Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳурии Омрико рӯзи 18 август аз Фаронса, ки танҳо ваъдаи эъзоми 200 сарбозро додааст, даъват кард, то бар шумори сарбозонаш бияфзояд. Тибқи қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Миллал, ки ба ҷанги Исроилу Ҳизбуллоҳ поён дод, қарор аст дар ҷануби Лубнон дар канори 15 ҳазор сарбози лубнонӣ ҳамин теъдод сулҳбони Созмони Милал мустақар шаванд.
XS
SM
MD
LG