Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагиҳо ба Ҷоми раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон


Барои ширкат дар мусобиқоти байнулмилалӣ дар риштаи теннис барои дарёфти Ҷоми раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 21 то 26 август дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, варзишгарони навраси дувоздаҳ кишвари Осиёву Аврупо даъват шудаанд.
Наргис Набиева, муовини раиси Кумитаи тарбияти бадан ва варзиши Тоҷикистон бо эъломи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт: «То имрӯз кишварҳои Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Афғонистон ва, ҳамчунин Эрон барои ширкат дар ин мусобиқот дархост кардаанд. Аз кишварҳои Аврупо иштироки теннисбозони навраси Русия, Белорус ва Укроин дар назар аст.»
Ба гуфтаи хонум Набиева дар ин мусобиқот ба ҳайати ҳар як даста ҳашт нафар теннисбози навраси зери сездаҳсола ва як мураббӣ дохил аст. Вай афзуд: «Ва аммо Тоҷикистон ҳамчун мизбони мусобиқот бо ду даста ширкат меварзад. Кишвари моро дар дуввумин давраи ин мусобиқот низ беҳтарин теннисбозони навраси тоҷик, ба мисли Аҳмадҷони Муҳаммад, Бахтиёр Саъдуллоев, Ҷамшед Шерматов, Орой Махтумова, Таҳмина Бурҳонова, Парвина Мирзораҳимова ва дигарон ҳимоя хоҳанд кард.»
Хонум Набиева дар идома иброз дошт, корҳои тармиму барқарорсозии майдони тенниси назди Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе - макони баргузории ин мусобиқот ба анҷом расиданд. Ва Тоҷикистон барои қабули меҳмонон ва доир кардани дуввумин давраи мусобиқоти байнулмилалии теннисбозони наврас комилан омода аст.
XS
SM
MD
LG