Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қазоқистон - бабри иқтисодии Осиёи Марказӣ. Бахши дуввум


Мирзои Салимпур ва Малика Раҳмонова Бабри нави иқтисодӣ, аммо акнун дар саҳнаи Осиёи Марказӣ. Ҷаҳишҳои иқтисодии Қазоқистон, ки мехоҳад пой ба пойи Ҷопону Куриё ё дасти кам Чин бигузорад. Манҳетени ҷадид, аммо дар Алма-Ато. Лас Вегаси нав, аммо дар Қапчағай. Кувайти нав, аммо дар Тенгиз. Ин ҳама хидмати кист - Назарбоев ва ё аъзои ҷавон ва ислоҳталаби давлати ӯ? Ва бо фасоду ришвахорӣ дар ин кишвар кӣ мубориза хоҳад бурд? Нашри навбатии маҷаллаи "Бозори Озодӣ" ба иқтисоди Қазоқистон ихтисос ёфтааст.

Рушди босуръати иқтисод, таҷаммӯъи сармояи зиёд дар дасти тоҷирон ва ниҳодҳои молӣ ва тақрибан пур шудани зарфиятҳои бозори сармоя дар дохили кишвар акнун маҳфилҳои сармоядори Қазоқистонро маҷбур ба ҷустуҷӯи бозорҳои нав барои сармоягузорӣ мекунад. Қазоқистон бино ба оморҳои дарёфти солона ба иқтисоди Русия то 350 миллион доллар сармоя гузошта, ба як сармоягузори умдаи иқтисоди Қирғизистон табдил ёфтааст.
Гушоиши бахши қазоқии "Тӯроноламбонк" дар Душанбе ва харидории корхонаи маъдани Адрасмон аз сӯи ширкати "Қазоқинвестминерал" дар баҳои 12 миллион доллар аз ҳокии таваҷҷӯҳи ҷиддии сармояи қазоқӣ ба бозори Тоҷикистон талақӣ мешавад.

Малика Раҳмонова, муҳассили мактаби байналмилалии журнализм дар Тифлис мегӯяд, сармоягузориҳои Қазоқистон дар Гурҷистон низ хеле маҳсус аст: "Барои ман аҷиб буд, ки сармояи Қазоқистон акнун натанҳо ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, балки ба Қафқоз ҳам роҳ ёфтааст. Ахиран хабарҳо дар бораи харидории ин ё он корхонаи гурҷӣ аз сӯи ширкатҳои қазоқӣ зиёд ба гӯш мерасанд. Масалан ахиран як ширкати қазоқӣ ширкати "Тбилгаз"-ро, ки махсуси тавзеъи газ дар пойтахти Гурҷистон буд, хусусӣ гардонд. Хеле аз меҳмонсароҳову маҷтамаъҳои саёҳӣ ҳамин тавр аз ҷониби ширкатҳои қазоқӣ дар Оҷористон, вилояти воқеъ дар соҳилҳои баҳри Сиёҳи Гурҷистон харидорӣ шудаанд. Ё ҳотели бузурги "Иверия", ки бо вуҷуди дар маркази Тифлис воқеъ буданаш муддатҳо дар ҳоли харобе қарор дошт. Ва акнун, то ҷое ки ман медонам, бонки қазоқиии "ТӯронОлам" барои тармими куллии ин меҳмонсаро маблағи бузургеро ҷудо кардааст."

Ҳаҷми умумии сармоягузориҳои Қазоқистон ба иқтисоди Гурҷистон чӣ қадар аст ва кадом соҳоти иқтисоди Гурҷистон бештар сармоягузорони қазоқро ҷалб мекунанд?

Малика Раҳмонова : "То ҷое ки медонам, Қазоқистон иқтисоди Гурҷистонро тайи 2 соли оянда наздики 1 миллиард доллар сармоягузорӣ кунад. Ин сармояҳо асосан ба соҳоти энержӣ, хусусигардонии иншооти ҷаҳонгардӣ дар соҳилҳои баҳри Сиёҳ дар Оҷористон, харидории ширкатҳои мухобиротӣ ва меҳмонсароҳо ҷалб хоҳанд шуд."

Аммо кадом авомил сармояи қазоқиро акнун ба ҷустуҷӯи бозорҳои нав, ва аз ҷумла дар Гурҷистон таҳрик медиҳад?

Малика Раҳмонова: "Дар ҳоли ҳозир, бозори дохилии Қазоқистон тақрибан пур шуда ва қаламрави он барои сармоягузорон ва тоҷирони қазоқ тангтар шудааст. Фикр мекунам, аз ҳамин лиҳоз онҳо дар пайи дарёфти бозорҳои нав ҳастанд. Мояи таваҷҷӯҳи онҳо ба Гурҷистон, ба назари ман, фазои мусоиди сармоягузорӣ дар ин кишвар ва имтиёзоти молиётиест, ки дар Гурҷистон барои сармоягузорони хориҷӣ фароҳам сохтаанд."

Дар баробари тарҳҳои бузурги санъатӣ дар Қазоқистон ба рушди тиҷорати хурду миёна ба ҳайси як василаи муҳими таъмини рушди зиндагии мардум низ аҳамияти хосеро қоиланд.
Ба ин хотир тартиби ироаи қарзҳои хурди бонкиро дар Қазоқистон дар муқоиса бо кишварҳои дигари минтақа хеле соддатар карда, хеле аз мушкилоти девонсолорӣ аз роҳи дастрасӣ ба чунин қарзҳоро бардоштаанд. Наима Мукаева, молики як хоҷагии фермерӣ дар вилояти Қазоқистони шимолӣ мегӯяд: "Духтари мо ба балоғат расида ва писари калонии мо ҳам 16-сола шуд. Мо бояд рӯи ояндаи онҳо фикр кунем. Соли гузашта ба мо воми хурде пешниҳод карданд ва мо гирифтем. Мо аз ин қарз фоида ба даст овардем. Аспе, ки харидем, рӯзи 13 июн таваллуд кард. Соли оянда мехоҳем ин қарзро баргардонда, воми дигар ба даст биоварем. Вале ин бор мехоҳем аз бонк дасти кам 100 000 танга бигирем."

Ва аммо бо ин вуҷуд масалан аз 58 000 соҳибкоре, ки дар Алма-Ато сабти ном шудаанд, 60 дарсадаш фаъолияти зеризаминӣ доштааст. Темур Нозхонов, раиси Иттиҳодияи соҳибкорони Алма-Ато мегӯяд, молиёти миёншикан ва дахолати лозиму нолозими мақомот дар умури тиҷорат аст, ки фаъолияти соҳибкоронро чунин ба зери замин мекашад: "Чаро? Пеш аз ҳама, сиёсати молиёт онҳоро буғӣ мекунад. Фоизи молиёт хеле баланд аст ва хусусан тиҷорати хурдро нафасгир кардааст. Ин аст, ки онҳо фаъолиятҳои худро паси парда бурдаанд. Баъдан мониаҳои зиёдеро дар ин роҳ мақомоти масъули муҷавиздиҳӣ эҷод мекунанд. Аз ин рӯ, аксари тоҷирон ба фаъолиятҳои паси парда ва зеризаминӣ бартарӣ медиҳанд."

Нокомии мақомоти Қазоқистон дар роҳи мубориза бо фасод ва дасти ҳамчунон кӯтоҳи ин мақомот дар роҳи ҷилавгирӣ аз мавонеъи барҷомондаи девонсолорӣ дар роҳи рушди иқтисодро созмонҳои байналмилалие назири Шаффофияти Байнулмилал (Transparency International) ва Хонаи Озодӣ (Freedom House) ҳам мушоҳида кардаанд. Фасод, ришваталабии мақомоти бахусус интизомиву молиётӣ мисли ҳар кишвари дигари осиёӣ Қазоқистонро ҳам хафа мекунад ва аз умдатарин мавонеъ дар роҳи рушди боз ҳам хубтари иқтисодии ин кишвар дониста мешавад.

Ба назари таҳлилгарон, нархҳои ҳангуфти нафту газ дар ҳоли ҳозир хушбинии Остона дар бораи ояндаи хуштари иқтисодии Қазоқистонро гӯё таъмин мекунад, вале оддӣ шудани авзоъ дар бозори энержии ҷаҳон ва пойин рафтани нархи маводи сӯхт Қазоқистонро дубора дар рӯбарӯи масъалаи диверсификацияи иқтисод ва рафъи мавонеъи девонсолорӣ ба хотири таъмини рушди собити иқтисодаш қарор хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG