Пайвандҳои дастрасӣ

Низомиёни тоҷик ба неруҳои посдори сулҳ шомил нашудаанд


Сироҷиддин Аслов, Сафири Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид дар сӯҳбати вижа бо Родиёи Озодӣ гуфт, ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди шомил шудани низомиёнаш ба ҳайати неруҳои посдори сулҳи мустақар дар Ховари Миёна ба Созмони милал муроҷиат накардааст. Ӯ афзуд, ки низомиёни тоҷикистонӣ то ҳол боре ҳам ба ҳайати неруҳои посдори сулҳи Созмони милал шомил нашудаанд. Айни ҳол Сафири Тоҷикистон дар Созмони Милал гуфт:

Мо шароитҳоро фароҳам месозем, ба вижа, барои Афғонистон, ки он ҷо чандин сол вазъ муташанниҷ буд, ва талош мекунем барои эҳёи ин кишвар аз тариқи кумакҳо ва ҳамкории иқтисодӣ.

Сироҷиддин Аслов, Сафири Тоҷикистон дар Созмони Милал дар робита ба низоъ миёни Исроил ва гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" гуфт, ки аксари кишварҳои олам пазируфта шудани қатъномаи Созмони милалро хуш истиқбол карданд. Ӯ афзуд, ки Тоҷикистон аз аввал хостори оташбаси фаврӣ дар Лубнон буд ва имрӯз ҳам Тоҷикистон ҷонибори он аст, ки низоъ ҳарчӣ зудтар бо роҳи дипломатӣ ҳаллу фасл шавад.
Сироҷиддин Аслов бо такя ба иттилоъи намояндагии Созмони Милал дар ҷануби Лубнон гуфт, ки алҳол ҷонибҳо аз чаҳорчӯби қатъномаи оташбаси Созмони Милал берун пой наниҳодаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG