Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозори меваи тоҷикӣ дар Сочӣ


Влодимир Путин-раиси ҷумҳури Русия рузи чоршанбе дар Сочӣ эълом кард, ки Русияву Белорус ва Қазоқистон барои ташкили иттиҳоди ягонаи гумуркӣ ба тавофуқ расидаанд ва дар санади лозима имзо гузоштанд. Путин ин нуктаро дар нишасти хабарии муштарак, пас аз ҷаласаи дуввуми созмони Авруосиё бо ширкати расони ҷумҳуриҳои Арманистону Белорус, Тоҷикистону Қазоқистон, Қирғизистону Узбакистон ва нахуствазири Украйн иттилоъ дод.


Путин афзуд, табиист, ки ҳадафи ниҳоӣ пайвастани ҳамаи кишварҳои узви созмони Авруосиё ба ин иттиҳоди гумрукӣ мебошад. Путин ташкили иттиҳоди гумрукӣ дар густураи Авруосиёро қадами устувор дар роҳи пайвастани ин кишварҳо ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат номид.

Дар гузоришоти марбута аз Сочӣ гуфта шудааст, Тоҷикистон хостори узвияти дарзамонӣ ба ин иттиҳоди гумрукии Русия, Белорус ва Қазоқистон аст, вале ба сабаби надоштани марзи умумӣ бо густураи нави гумрукӣ ҳоло ба он пайваста наметавонад.


Путин ҳамчунин эълом кард, ки Узбакистон ба узвияти Паймони амнияти муштарак пазируфта шудааст. Вай афзуд, сарони кишварҳои Авруосиё аз ормони ташкили бозори воҳиди энерҷӣ дар густураи Авруосиё ҷонибдорӣ ва масъалаҳои марбут ба танзими энерҷии обиву ҳастай дар Осиёи Марказиро баррасӣ карданд.


Пас аз анҷоми ҷаласаи рузи чоршанбе руасои ҷумҳуриҳои созмони Авруосиё аз бозор,_ярмаркаи фаровардаҳои кишоварзии Тоҷикистон боздид карданд. Оқои Путин бо фурушандагон акс гирифт ва дар хитоб ба харидорон гуфт, истеъмоли меваҷоти лазизи тоҷикӣ саломатии тафреҳкуннандагони Сочиро боз ҳам қавӣ мекунад. Эмомалӣ Раҳмонов-раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ҳамаи онҳое, ки ба бозори фаровардаҳои кишоварзии Тоҷикистон таваҷуҳ кардаанд, сипосгузорӣ кард.


Ҷаласаи ғайрирасмии сарони кишварҳои узви созмони Авруосиё дар Сочӣ, воқеъ дар осоишгоҳҳои ҷануби Русия шоми 15 август шуруъ шуд ва то 17 август идома меёбад.

Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG