Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро мусулмонони Бритониё ба тундгароён мегараванд?


хабарнигори бахши ҷаҳонии Озодӣ дар Лондон Ҷан Ҷун Мардуми Бритониё ҳануз аз фазои тарсу ваҳшат аз нақшаҳои террористон, ки мехостанд 10 ҳавопайморо дар хати парвози миёни Лондон ва шаҳрҳои мухталифи Амрико мунфаҷир созанд, раҳо нашудаанд. Дар бисёре аз гузоришҳо омадааст, ононе, ки мехостаанд ин аъмоли террористиро анҷом диҳанд, мусулмонони худи Бритонё будаанд. Агар чунин фарзия дуруст аст, пас суоле ба миён меояд, ки чаро мусулмонони ин кишвар норозӣ ҳастанд? Чӣ падидае онҳоро ба чунин нақшаҳои табаҳкорона ҷалб кардааст?

Бештар аз як соли пеш баъд аз бамгузориҳои 7-уми июл дар метрои шаҳри Лондон Бритониё ба ҳолати омодагии амниятӣ даромада буд. Дар ин рузҳо ҳам баъд аз ошкор шудани эҳтимоли анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар ҳавопаймоҳои парвози моварои уқёнуси Ором дубора ин кишвар дар ҳолати омодагии амниятӣ қарор дорад. Ҳадс мезананд, ки барои анҷоми ин аъмоли террористӣ ҷавонони мусулмоне ҷалб шудаанд, ки дар Бритониё ба дунё омадаанд.

Дар пасманзари хабарҳои ваҳмангези ҳафтаи гузашта, ҳоло мардуми Бритонё дар ин бора бештар баҳс мекунанд, ки чаро чунин гуруҳҳои тундрав ё ифротӣ пайдо шудаанд. Баъзе аз мусулмонони худи Бритониё мегуянд, ки норизоятии чунин гуруҳҳо решаҳои иқтисодӣ дорад. Ғавсиддин Сиддиқӣ-раҳбари ҷомеъаи мусулмонон ва раиси пажуҳишгоҳи исломӣ дар ин бора чунин назар дорад:


"Ҳукумат бояд бо ҳамаи нобаробариҳои иҷтимоъӣ мубориза кунад. Агар дар ин замина коре анҷом нагирад, албатта одамон, ҷавонони мусулмон, ки дар шаҳракҳои фақирнишин ба сар мебаранд, бо одамони гапфуруш ру ба ру мешаванд ва ин гапфурушон бо истифода аз вазъи иҷтимоъии онҳо сари онҳоро гиҷ мекунанд. Ин аст шарҳи воқеъии он чӣ, ки рух додааст".

Баъзе коршиносони дигар бар ин назаранд, ки бояд дар чунин шаҳракҳо бо маҳрумиятҳои ҷавонон ва дар инзиво боқӣ мондани онҳо мубориза кард. Бар ин ақида, ки омилҳои иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ метавонад сабаби терроризм бошад, ҳама розӣ нестанд. Пол Вилкинсон-раиси маркази мутолеъоти терроризм ва хушунатҳои сиёсӣ дар яке аз донишгоҳҳои Шотландия чунин ақида дорад:

"Ман фикр мекунам, руйдодҳои 7-уми июли соли гузашта нишон дод, ки маҳрумиятҳои иҷтимоъиву иқтисодии бамгузорон дар ҳар сурат омили аслӣ ё сабаби табаҳкории онҳо набудааст. Зоҳиран онҳо пойбанди таблиғоти Ал-Қоъида шудаанд ва барои он даст ба чунин аъмол задаанд, ки худро бахше аз ҷиҳоди муқаддаси сартосарӣ медонистанд".

Вилкинсон мегуяд, ҷавонони мусулмони Бритониёӣ, ки соли гузашта дар бамгузориҳо даст доштанд, дар хонаводаҳои доро ба дунё омадаанд ва 24 нафаре, ки ҳафтаи гузашта ба эҳтимоли ширкат дар аъмоли террористӣ боздошт шуданд, корҳои пурдаромаде доштаанд. Баъзе аз мусулмонони Бритониё ва созмонҳои онҳо барои тавсеъаи терроризм сиёсати хориҷии Бритониёро гунаҳгор медонанд. Онҳо мехоҳанд чунин сиёсат тағир ёбад ва дар ин замина мавзеъгирии худро рузи шанбе, 12-уми август дар номаи сарбозе ба нахуствазир Тонӣ Блэр пешниҳод карданд. Онҳо дар ин нома аз Бритониё интиқод кардаанд, ки дар ҷанги Ироқ ширкат мекунад ва баъд аз оғози ҷанги Исроил бо Ҳизбуллоҳи Лубнон ҷонибҳоро билофосила ба оташбас даъват накардааст.

Имом Иброҳим Мугро-яке аз раҳбарони Шурои Мусулмонони Бритонёст. Вай мегуяд, дар нома омадааст, ки танҳо сиёсати хориҷӣ сабаби ҷалби ҷавонон ба тундгароӣ нест, балки бисёре аз ҷавонони мусулмон аз мавзеъгирии ҳукумат ба хашм омадаанд:


"Ҳар вақт, ки мо бо ҷавонон ба гуфтугу менишинем, онҳо мегуянд, ки мавзеъгирии ҳукуматро сабаби норизоятии худ медонанд. Онҳо шадидан аз сиёсати хориҷии мо, аз меъёрҳои дугона, ки мо аз кишварҳои мухталиф ҳастем норозӣ мебошанд".

Баъзе аз коршиносон мегуянд, тундгароиҳои ахир аз таъбири шадиди мавозини ислом реша мегирад, ки ба муҳоҷирони покистониву банглодешӣ иртибот дорад. Ба гуфтаи коршиносон, чунин гуруҳҳо бояд бештар ба ҳаёти ғайримазҳабии Бритониё ҷалб шаванд. Таҳқиқоти ахир нишон медиҳад, ки дар даҳсолаҳои ахир аксари мусулмонони Бритониё аз Покистону Банглодеш вориди Бритониё шудаанд.

Аксари Покистониҳое, ки ба Бритониё муҳоҷират кардаанд, аз минтақаи Кашмири Покистон ба ин ҷо омадаанд, аз минтақаи марзие, ки ки ҳамеша масъалаи баҳси Покистону Ҳиндустон будааст. Торих нишон медиҳад, ки сокинони маҳаллоти мусулмоннишини ин минтақа ҳамеша бар зидди ҳукумати Деҳлӣ амалиёти чиррикӣ анҷом додаанд.
XS
SM
MD
LG