Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ирон розист бо Ғарб барномаҳои ҳастаиашро баррасӣ кунад


Манучеҳри Муттакӣ-вазири хориҷаи Ирон изҳор доштааст, ки кишвараш мехоҳад барномаҳои ғанисозии урониюмро бо кишварҳои ғарбӣ баррасӣ кунад. Вай дар як суолу ҷавоб бо хабарнигорон гуфт, ҳатто пешниҳод дар бораи боздоштани ғанисозии урониюм, ки ба назари мо мантиқӣ нест, метавонад мавриди баррасӣ қарор бигирад. Аммо як рузи пеш Маҳмуди Аҳмадинеҷод-раиси ҷумҳури Ирон гуфт, кишвараш ба пешниҳодҳои байналмилалӣ розӣ нахоҳад шуд. То 22-юми август, яъне то ҳафтаи оянда Ирон бояд ба пешниҳоди панҷ кишвари узви доимии Шурои Амният ва Олмон посух диҳад. Ин кишварҳо пешниҳод кардаанд, ки агар Ирон фаъолиятҳои ҳастаии худро нигаҳ дорад, аз кумакҳои иқтисодии байналмилалӣ бархурдор хоҳад шуд, вагарна Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид бар зидди Ирон таҳрим ҷорӣ хоҳад кард. Қабл аз изҳороти имрузи оқои Муттакӣ Чин аз Ирон дархост кард, ки барои боздоштани фаъолиятҳои ҳастаиаш пешниҳодҳои маҳофили байналмилалиро бипазирад.
XS
SM
MD
LG