Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷаҳон хостори муҳоҷири босавод аст


Масъалаи камдонишии муҳоҷирон дар эъломияи хотимавии ҷаласаи сарони Ҳаштгонаи бузург, дар шумори мушкилоти нигаронкунандаи ҷаҳон ёд шудааст. Влодимир Путин-раиси ҷумҳури Русия, ки 17-уми июл дар шаҳри Санкт-Петербург нуктаҳои асосии эъломияро тавзеҳ мекард, чунин гуфт:

"Мушкилоти ҷиддиеро, ки тавсеъаи тунди муҳоҷират ба миён овардааст, танҳо бо кумаки барномаҳои таълимӣ метавон ҳал кард ва хостори расидагии дарзамони ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба ин мушкил шуд".

В.Путин ҳамчунин таъкид кард, ки танҳо бо истифода аз имконоти маъориф метавон муҳоҷиронро бо шароити зиндагии кишвари дигар созгор намуд ва ҳамзамон маҳз бо ҳамин тадбир метавон аз низоъҳое, ки аз бефарҳангӣ ва таҳамулнопазирӣ реша мегирад, ҷилагирӣ кард.

Дар эъломияи хотимавӣ сарони 8 кишвари пешрафтаи ҷаҳон ҳамчунин таъкид шудааст, ки ҳарчанд тамоми ҷаҳон ба донишҳои муосир ва такмили ҳаррузаи он ниёз дорад, аммо омузишу парвариш дар кишварҳои саввум дар саҳти хеле пойн қарор дорад ва ин мушкил ислоҳи дастаҷамъӣ тақозо мекунад..

Бино ба омори Хадамоти Федералии Муҳоҷиратии Русия, ба ин сарзамин ҳарсола то 20 миллион муҳоҷири корӣ ворид мешавад, ки 70 дар сади онҳо шаҳрвандони кишварҳои шуравии собиқ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳастанд. Абдуқодир Алиев як нафар аз муҳоҷирони тоҷик, ки 15 соли ахир дар Маскав иқомат дорад, аз иқдоми кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ҷиҳати бо таҳсил фаро гирифтани муҳоҷирон истиқбол мекунад, аммо аз он нигарон аст, ки шояд худи муҳоҷирон ба хондан тан надиҳанд.

"Тоҷикон, агар дар ин ҷо таҳсил бикунанд, ақаллан забони ин мардума аз худ мекунанд, ба қонунҳои Русия ошной пайдо мекунанд. Масалан, метонанд худашона дифоъ кунанд. Масъалаи дигар ин ки дониш, кадом донише, ки набошад, ҳеҷ нафар аз омӯхтани дониш зарар намебинад. Барои мо ҳукумати Русия имконоти хуб додааст, вале оё ин мардуми мо ,тоҷикҳое ки дар ин ҷо ҳастанд, шавқи хондан доранд? Масъала ин аст".

Алиев ҳамчунин мегуяд, мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ҷавононе ки солҳои ахир аз Тоҷикистон ба Русия меоянд , аксаран хатто саводи хондану навиштан надоранд. Вай мегуяд, чанд руз пеш дар милисахонаи минтақаи Вернардскй Маскав 19 нафар ҷавонони боздоштшудаи деҳаи Артучи ноҳияи Панҷакентро дидам, ки навиштан ва ҳатто имзо гузоштан наметавонистанд ва ҳама ба ҳоли онҳо механдиданд:

"19 нафар аз Артучи Панҷакент. 19 нафар. Унҳо хондан ва навиштан наметавонанд. Даромада қати унҳо истодам, то охир... Ҳамаи унҳоро ҷарима карданд, 500 сумӣ. Онҳо имзо карда наметавонад... имзо. Ман гуфтам, агар дар Панҷакент ин ҳол бошад, пас дар тамоми Тоҷикистон бесаводист..."

Ба гуфтаи Алиев, бино ба қонунҳои Русия, фарзандони муҳоҷирон аз ҳуқуқи таҳсили ройгон дар мактабҳои миёна бархурдоранд, аммо на ҳамаи муҳоҷирон ҳавсалаи истифода аз ин неъматро доранд. Ин нуктаро Наталя Шербакова-ҳамоҳангсози корҳои муҳоҷират дар бахши маскавии Созмони Ҷаҳонии Кор низ таъид мекунад.

Наталя Шербакова, ки дар пиёдасозии як тарҳи вижаи касбомузии муҳоҷирони тоҷик дар Душанбе ширкати мустақим доштааст, дар ҷаласаи ҶИ-8 ба ҳайси яке аз масъалҳои асосӣ баррасӣ шудани мушкили саводомузии муҳоҷиронро муҳим арзёбӣ кард. Ба гуфтаи намояндаи Созмони Ҷаҳонии Кор Русия барои ба таҳсил фаро гирифтани муҳоҷирон имконоти фаровон дорад, ба вижа дар омузишгоҳҳои касбомузӣ, ки дар аҳди шуравӣ бо номи ПТУ ёд мешуданд.

Наталя Шербакова ҳамчунин хабар дод, ки Созмони Ҷаҳонии Кор омода аст, ба Русия барои бо таҳсил фаро гирифтани муҳоҷирон мусоидат намояд. Вай ҳамчунин хабар дод, ки Созмони Ҷаҳонии Кор дар фикри таҳияи тарҳи нави касбомузӣ барои муҳоҷирони тоҷик аст. Ба ин масъала мақомоти Тоҷиткистон низ таваҷҷуҳ доранд. Ҳамоҳангсози корҳои муҳоҷират дар Созмони Ҷаҳонии Кор дар Маскав мегуяд, дар чаҳорчуби тарҳи нав хоҳишмандони кор дар Русия ҳамзамон дар Душанбе бо омузиши забони русӣ ва вазъи ҳуқуқии муҳоҷир дар кишвари мукҳоҷират машғул мешаванд. Онҳо ҳамчунин касби дилхоҳи худро дар Тоҷикистон фаро мегиранд ва чун коргари сохибихтисос ба Русия меоянд.
XS
SM
MD
LG