Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти Раҳматуллоҳ Фузайлов ба Тоҷикистон


«Хима»-и Душанбе, тими футболи лигаи олӣ пас аз пирӯзӣ дар нахустин бозии худ дар давраи дуввуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон бар тими «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа бо натиҷаи 4 бар 1 дар ҷадвали бозиҳо садрнишин шуд.

Дар ин дидор, ки дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе сурат гирифт, Сӯҳроб Ҳамидов, ҳамлагари «Хима» ҳисобро боз кард. Ва пас аз 14 дақиқа боз ба ӯ муяссар шуд, ки ҳисобро афзун намояд. Ду голи дигарро аз дастаи мизбон Раҳматуллоҳ Фузайлов дар дақиқаи 67-ум ва Комил Саидов дар дақиқаи 89-ум ба ҳадаф расонданд. Ва як голро аз тими меҳмон Фозил Сатторов дар дақиқаи 63-юм ба дарвозаи «Хима» ворид кардааст. Воқиъан, дар ин дидор Раҳматуллоҳ Фузайлов, шогирди футболи тоҷик, ки аз бошгоҳи «Лада»-и Толяттии Русия ба тими «Хима» даъват шудааст, аввалин бор дар ҳайати ин даста ҳунарнамоӣ кард. Ин ҳимоятгари сисола аввал дар ҳайати дастаҳои «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бозӣ кардааст. Сипас ӯ шарафи дастаҳои Узбакистон - «Нефтчӣ»-и Фарғона, «Бухоро»-и Бухоро ва «Самарқанд»-и Самарқандро ҳифз намудааст. Вай дар Русия ба ҷуз «Лада» дар бошгоҳҳои футболи «Шинник»-и Ярославл ва «Алания»-и Владикавказ ҳунарнамоӣ кардааст. Раҳматуллоҳ Фузайлов ҳамчун ҳимоятгар ва капитани дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозиҳои мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ ширкат варзидааст.
Ба андешаи Шариф Назаров, сармураббии тими «Хима» бо омадани Раҳматуллоҳ Фузайлов хатти дифоъи даста хеле қавӣ гаштааст ва бозгашти чунин бозигари мумтозу пуртаҷриба ба ватани худ ва ширкати ӯ дар бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон, бешак ба баландшавии сатҳи футболи тоҷик мусоидат хоҳад кард.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот то 15 август
Б Ғ М Б Т И
1. «Хима» 12 8 3 1 32-12 27
2. «Регар» ТадАЗ 11 8 1 2 28-8 25
3. «Парвоз» 11 8 1 2 18-10 25

4. «Вахш» 11 8 1 2 16-8 25
5. СSKA 12 7 0 5 17-18 21
6. «Тоҷиктелеком» 12 5 1 6 18-17 16
7. «Хуҷанд» 11 4 3 4 12-13 15
8. «Саройкамар» 11 3 2 6 17-25 11
9. «О.Каримзод» 11 2 3 6 13-15 9
10. «Ориёно» 13 2 3 8 13-25 9
11. СКА «Помир» 12 1 4 7 11-23 7
12. «Динамо» 13 0 6 7 8-29 6

Низом Раҳимов, ҳамлагари «Регар» ТадАЗ бо 10 гол беҳтарин нишонзани мусобиқот мебошад. Нӯъмонҷон Ҳакимов,бозигари «Парвоз» ва Сӯҳроб Ҳамидов, аз тими «Хима» ҳар кадом бо 9 гол дар ҷойи дуввум қарор доранд.
Бозиҳои навбатӣ:
16 август (чоршанбе) -«Вахш» - «Саройкамар»
19 август (шанбе) - CSKA - «Динамо», «Хуҷанд» - «Парвоз», СКА «Помир» - «Регар» ТадАЗ
20 август (якшанбе) - «Хима» - «Вахш», «Саройкамар» - «Тоҷиктелеком»
XS
SM
MD
LG